Вакили маъруфи дифоъ ва зиндонии сиёсии тоҷик Бузургмеҳр Ёров, номзад барои дарёфти ҷоизаи солонаи ҳуқуқи башар ба номи Васлав Ҳавел шуд. Ин чӣ ҷоизаест, чӣ эътибор дорад ва соҳиби он чӣ имтиёзҳое хоҳад дошт?
Паём ба суроғи ҳомии ҳуқуқ, раиси Анҷумани ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ Надежда Атаева рафт, то ба ин суолҳо посух гирад.
Надежда Атаева: Ин яке аз мӯътабартарин ҷоизаҳои Маҷлиси парлумони Аврупост. Он ба он хотир номи Васлав Ҳавелро гирифтааст, ки ӯро дар Аврупо чун намоди мавқеъи шаҳрвандӣ, намоди истеҳком ва намоди гуфтугӯ байни ҳукумату ҷомеъаи шаҳрвандӣ мешиносанд. Ман ба ин назарам, ки ин як навигарии олист. Танҳо худи ҳамин, ки Бузургмеҳр Ёров ба рӯйхати номзадҳо ворид шуд, гувоҳи баҳои баланд ба ҷомеъаи шаҳрвандии худи Тоҷикистон аст, ки бояд эътироф кард вакилони дифоъаш ҳамеша бо сатҳи баланди касбият дар минтақаи Осиёи Марказӣ фарқ мекарданд. Ин ки Ёров ба ин ҷоиза пешниҳод шуд, ба ин маънист, ки ҷаҳони мутамаддин мавқеъи шаҳрвандии Ёровро дастгирӣ мекунад ва ба ӯ бештар аз мавқеъи расмии мақомот бовар мекунад.
Паём: Номзадҳоро худи масъулини ҷоиза интихоб мекунанд ё бояд ҳуҷҷат пешниҳод карда шавад?
Надежда Атаева: Бояд ҳади ақал 5 тавсиядиҳанда бошад, муҳим нест шахси алоҳида ё созмон. Муҳим ин аст, ки онҳо шахсон ва созмонҳои соҳибэътибор бошанд. Худи ҳамин ки 5 тавсиядиҳандаи соҳибэътибор Ёровро эътироф кардаанд, аллакай хеле мавқеъи баланд аст. Набояд фаромӯш кард, ки воқеъан Бузургмеҳр Ёров кори барҷастаи тахассусие анҷом дод. Ӯ ба Сарқонуни кишвараш ва принсипи эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар пофишорӣ кард, ки яке аз ин принсипҳо ҳақи ҳимоят доштани ҳар нафар аст, зеро пеши қонун ҳама баробаранд.
Ӯ дар тақдири онҳое, ки ба ҳамдастӣ бо созмонҳои мамнӯъ муттаҳам мешуданд шарик шуд. ҲНИТ-ро бо вуҷуди он, ки солҳои тӯлонӣ яке аз қувваҳои пешсаф дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистон ва аз дастгирии васеъи мардум бархӯрдор буд, мамнӯъ эълон карданд. Вақте сиёҳкунии ин ҳизб, раҳабр ва аъзои он оғоз шуд, бисёриҳо ба хотири ба худашон мушкил нахаридан, худро дур гирифтанд, вале Ёров тақдири зерҳимояҳояшро ба худ қабул кард. Ӯ на танҳо аз озодӣ маҳрум шуд. Ӯ бо зери хатар мондани ҳаёти худ, тақдири наздиконаш ва ҳамкоронаш ба ҳимояи онҳое пардохт, ки ба кӯмаки ҳуқуқӣ ниёз доштанд. Чӣ хеле, ки медонем, ӯ ба 28 соли зиндон маҳрум шудааст, наздиконаш бо сабабҳои сиёсӣ таъқиб мешаванд ва ӯ мисли дигар боздоштшудагон шиканҷа гардид ва бо хонаводааш наметавонист мулоқот кунад. Ӯ ҳамчунин дар тақсим кардани қулти обу луқмаи нон бо зерҳимояҳояш шарик шуд.
Паём: Ба назари шахсии шумо кадоме аз ин се номзад лоиқтар ба гирифтани ҷоиза ҳастанд?
Надежда Атаева: Ростӣ ман намехоҳам мавқеъи дигаронро поён барам, аммо тақдиру таърихи Ёров барои ман наздиктар аст. Ман ӯро мешиносам. Аз ин ки ман хеле хуб медонам дар чӣ режими сиёсие вакилони дигар дар Тоҷикистон ба сар мебаранд, метавонам бигӯям, ки онҳо дар касбият камтар нестанд. Онҳо дар чунин шароити вазнин ба кӯмаки одамон идома медиҳанд. Ёров барои режим як объекти тарсдиҳии дигарон шуд. Ман аз таҳти дил мехоҳам ин ҷоиза насиби Ёров шавад, чун он барои ӯ оғози наҷот аз паси панҷара мешавад. Дар ҳамин ҳол, ман кӯшишҳои дигар номзадҳоро тақдир мекунам.
Ба ин ҷоиза шарафманд шудани Ёров навидест ба тамоми ҷомеъаи шаҳрвандии Тоҷикистон, ки садои онҳо, корҳои онҳо, ширкати бузурги онҳо дида мешавад.
Маълум аст, ки касе натавонист иродаи Ёровро бишканад, аммо вақте мебинӣ, ки туро фаромӯш намекунанд ва медонанд, ки ту дар чӣ ҳолати вазнине ҳастӣ, ин дастгирии маънавӣ ва ин эътирофи ҷомеъаи ҷаҳонӣ ҳоло барои Ёров бештар аз ҳар замоне муҳиманд. Ҳоло ӯ дар қуллаи бӯҳрони зиндагиаш қарор дорад ва дастгирӣ ба ӯ рӯҳи тоза хоҳад дод. Аз тарафи дигар бояд Эмомалӣ Раҳмон сахт хиҷолат бикашад, ки чунин ҳуқуқшиноси соҳиэътибор ва эътирофшуда аз тарафи ҷомеъаи ҷаҳониро паси деворҳои зиндон нигоҳ медорад. Ӯ бояд Ёровро озод кунад. Чунки вақте чунин инсон паси панҷара қарор дорад, ӯ оинаи рӯнамои ин режим мешавад ва Раҳмон бояд инро бифаҳмад. Ӯ бояд бифаҳмад, ки ба таърихи навини Тоҷикистон чун ситамгар ва чун оне, ки Сарқонуни кишвари худашро зери по кардааст ворид хоҳад шуд.
Фикр мекунам, рӯзе фаро расидааст, ки мо ҳама – ҷомеъаи шаҳрвандии кишварҳои Осиёи Миёна ҳамдаст шавем ва садо диҳем, ки мо Ёровро дастгирӣ мекунем, ба ӯ эҳтиром қоилем ва бояд ҳама корро анҷом диҳем, то ҳақиқат пирӯз шавад.