Дар Тоҷикистон афзоиши истеҳсоли гӯшт ба қайд гирифта шудааст. Ҳамчунин саршумори чорвои калони шохдор зиёдтар гардидааст. Дар ҳамин ҳол, қимати гӯшт ҳам боло меравад.
Ҳаҷми истеҳсоли гӯшт, тибқи иттилоъи вазорати кишоварзии Тоҷикистон аз аввали сол 4,6% бештар гардидааст. Ба аввали август истеҳсоли гӯшт 99,2 тонро ташкил додааст.
Вазорат ҳамчунин аз афзоиши саршумори чорвои калони шохдор гузориш медиҳад, ки гӯё ба 2,3 млн расида аз ҳамин давари соли 2018 40 ҳазор сар ё 1,7% бештар гардидааст.
Ҳамчунин шумори бузу гӯсфанд низ 50,3 ҳазор афзоиш ёфтааст. 92,9%-и чорво ба аҳолӣ таъаллуқ дорад.
Омор дар Тоҷикистон чанд соли охир зери суол бурда мешавад. Чун бо вуҷуди афзоиши рақамҳо ва “пешравиҳо” натиҷаи онҳо баръакс аст. Барои мисол, бо вуҷуди қариб 5% афзоиш ёфтани шумори чорво ва поёнтар рафтани қудрати харидории мардум, қимати гӯшт моҳи 4-ум аст, ки дар ҳоли афзоиш мебошад.
Ҳоло нархи як кило гӯшт дар бозорҳои Душанбе ба 52-54 сомонӣ расидааст. Дар аввали август ин нарх 50-52 сомонро ташкил медод. Гуфтанист, ҳаҷми минималии моҳона дар Тоҷикистон ба 400 сомонӣ баробар аст, яъне бо ин пул мешавад 7-8 кило гӯшт харид.
Дар оғози моҳи августи ҷорӣ, ҳукумати Тоҷикистон барои поён бурани қимати гӯшт воридкунандагони хӯроки чорво ва худи чорвои зотиро аз пардохти ААИ ва боҷи гумррукӣ озод кард.
Қаблан Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар гуфта буд, ки боло рафтани қимати гӯшт ба баланд шудани нархи хӯроки чорво, аз ҷумла кунҷора вобаста аст.