11 июня, 2025
# Tags
#Pressa

Эмомалӣ Раҳмон: Тоҷикистон пешсаф дар ҳифзи пиряхҳо ва мубориза бо тағйирёбии иқлим аст


Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши сатҳи баланд оид ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал барои илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ) иштирок ва суханронӣ намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, ин ҳамоиш 8 июни соли равон дар шаҳри Нитсаи Фаронса, дар доираи Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус баргузор гардид ва дар он роҳбарони давлату ҳукуматҳо аз 65 кишвари ҷаҳон, Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш, роҳбарони ЮНЕСКО ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ҳузур доштанд.

Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ таъкид кард, ки Тоҷикистон ҳамчун яке аз ташаббускорони ин даҳсола дар ҳамоиши мазкур ширкат намуда, пайваста ташаббусҳои созанда дар самти обу иқлим ва ҳифзи муҳити зистро ба миён мегузорад.

Сарвари давлат бо нигаронӣ аз вазъи шадиди тағйирёбии иқлим ва обшавии бесобиқаи пиряхҳо иброз намуд, ки то 60 фоизи пиряхҳои Осиёи Марказӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ҷойгиранд ва онҳо на танҳо сарчашмаи муҳими оби тозаанд, балки омили муҳим дар устувории экосистемаҳои минтақа ба ҳисоб мераванд.

Президенти Тоҷикистон бо ишора ба таъсири манфии обшавии пиряхҳо ба иқтисод, муҳити зист ва амнияти озуқаворӣ гуфт, ки ҳалли ин масъала саъю кӯшиши муштарак ва тадбирҳои илмӣ ва амалиро талаб менамояд.

Дар идомаи суханронӣ Сарвари давлат аз таъсиси Маркази ҳамоҳангсозии минтақавӣ оид ба яхшиносӣ дар шаҳри Душанбе хабар дода, ин иқдомро ҳамчун қадами муҳим дар таҳкими таҳқиқоти илмӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ арзёбӣ карданд.

Ҳамчунин, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ташаббуси нави Тоҷикистон оид ба эълон намудани “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” таваҷҷуҳ ҷалб намуда, баргузории нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе дар охири моҳи майи соли равонро муҳим арзёбӣ намуд.

Президенти кишвар дар фароварди сухан аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал овард, ки ҳамкориҳо дар сатҳи глобалӣ баҳри ҳифзи криосфера, таҳкими илмҳои яхшиносӣ ва коҳиши таъсири тағйирёбии иқлим тақвият дода шаванд.

Ҳамоиши сатҳи баландро Президенти Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон расман ифтитоҳ намуда, он бо суханронии Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одри Азуле ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эманнуэл Макрон идома ва ба анҷом расид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *