Зодаи Тоҷикистон дар ИМА бо гумони иртибот бо “Ал-Қоида” боздошт шуд

Як марди 39-сола, зодаи Тоҷикистон ва дорои шаҳрвандии Русия дар шаҳри Филаделфияи ИМА бо гумони иртибот бо шабакаи террористии “Ал-Қоида”* боздошт шудааст.
Дар ин бора Идораи муҳоҷирати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ICE) хабар медиҳад.
Ба иттилои ICE, боздоштшуда қаблан дар Тоҷикистон мавриди пайгарди қонунӣ қарор доштааст. Мақомоти амрикоӣ мегӯянд, ҳувияти ӯ бо назардошти масъалаҳои амниятӣ ва махфият фош карда нашудааст. Дар аксҳои расмии нашршуда чеҳраи ӯ тира гардонида шудааст, то шинохтани ӯ аз ҷониби ҷомеа ғайриимкон гардад.
Ҳамчунин, гуфта мешавад, шахси боздоштшуда дар ҷараёни таҳқиқот қарор дорад ва эҳтимол таҳти баррасии ҳукми ихроҷ аз қаламрави ИМА қарор гирад.
Ёдовар мешавем, ки созмони “Ал-Қоида” тибқи қонунгузории амалкунандаи Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти террористӣ эътироф шудааст*.
*Эзоҳ: “Ал-Қоида” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти террористӣ эътироф шуда, фаъолияташ манъ аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube