11 июня, 2025
# Tags
#Pressa

Қабули кӯдакон ба синфи якум дар Тоҷикистон аз 1 август оғоз мешавад


Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар медиҳад, ки қабули кӯдакон ба синфи якум барои соли таҳсили 2025–2026 аз 1 августи соли 2025 оғоз мегардад.

Тибқи талаботи амалкунанда, фарзандоне, ки то 31 декабри соли 2018 таваллуд шудаанд, имсол ҳуқуқи дохилшавӣ ба синфи якумро доранд. Кӯдакони таваллудшуда аз 1 январи соли 2019 ва баъд ба синфи якум қабул намешаванд.

Дар доираи Барномаи омодасозии кӯдакони синни мактабӣ, аз 1 август то оғози соли нави таҳсил, барои хонандагони синфи якум давраи шиносоӣ ва омодагӣ баргузор мегардад. Ин марҳила кӯмак мекунад, то кӯдакон ба муҳити мактабӣ одат кунанд ва ба таҳсил омода шаванд.

Вазорат аз ҳамаи волидайн хоҳиш мекунад, ки дар ҳолати талаб шудани маблағ барои қабули кӯдак ба синфи якум, аз шахсони масъул расид талаб намоянд ва ё шикояти худро ба телефони боварии Вазорати маориф ва илм расонанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *