Яке аз блоргерҳои фаъоли тоҷик, Музаффар Имомдод бо пахши як хабар дод, ки ӯро аз пулис занг зада, гуфтаанд мошини ӯ дар ҷустуҷӯ аст.
Ба гуфтаи ӯ корманди БДА ВКД, ки худро Бадалзода Сӯҳроб муаррифӣ карда, гуфтааст:
«Мошини Шуморо бояд бубинем, ташхис кунем. Бо ин мошин касеро пахш кардаанд.»
Музаффар нингарон аст, ки бинобар фаъолияти блогериаш ба ӯ мехоҳанд тӯҳмат зананд. Ӯ гуфт:
«Золо ман ба онҷо мерава. Агар ба ман тӯҳмате заданд ва дар телевизион баромад кардам, бидонед, ки ин маҷбурӣ аст.»
Музаффар Имомдодов аз камтарин журналистонест, ки аз вазъи Бадахшон хабарҳо интишор карда, қазияи куштори Гулбиддин Зиёбеков, боздошти Амриддин Аловатшоев ва Чоршанбе Чоршанбеевро воқеъбинона инъикос мекунад.
«Ҳар кас ки маро мешиносад, бояд бидонад, ҳар коре, ки кардам ба нафъи Тоҷикистон ва мардуми тоҷик кардам. Агар ба ман тӯҳмат зананд, пеши виҷдону пеши Худо ҷавоб медиҳанд. Агар ҳатто маро куштанд, бидонед, ки рӯзе мо ҳама озод мешавем», таъкид кард ӯ.