Хабаргузориҳои CNN ва Bloomberg интишор кардаанд, ки вазъи марзи Русия ва Украина боз муташанниҷ мешавад
Дар хабар гуфта шудааст, боз 7000 сарбози рус ба марзи Украина ворид шудаанд.
Нашрияҳо иддао доранд, ки изҳороти Русия дар бораи омодагии худ барои ҳалли низоъ бо роҳи дипломатӣ дурӯғ аст.
Politico (созмони расонаҳои амрикоӣ дар соҳаи журналистикаи сиёсӣ) санаи нави ҳамла ба Украинаро таъин кард, ки ба рӯзи 20 феврал пешбинӣ шудааст.
Дар радифи хабари мазкур ин субҳ артиши Украина дар Донбасс гулӯла (снаряд) партоб кард.
Украина Донбассро ба Русия додан намехоҳад. Ин аст, ки низомиёни украинӣ субҳи имрӯз бо пулемётҳои калибри калон ба сӯи Донбасс тирандозӣ карданд.
Дар зарфи як соат ба суи пунктхои ахолинишини LXR ва DXR зиёда аз 60 гулӯла партофта шуд.
Дар ҳамла гранатомётҳо, миномётҳои 82 ва 120 мм истифода мешаванд.
Маълум шуд, ки яке аз гулӯлаҳои партобкардаи низомиёни украинӣ ба боғчаи бачагон дар минтақаи Донбасс афтодааст.
Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, дар муддатҳост, ки чунин тирпарронии хушунатомез мушоҳида нашудааст. Масиргардхои Дебальцево ва Светлодарск бо яроки оташфишон, пулемётхои вазнин ва гранатомётхо бо чушу хуруш давом доранд.