Categories Хабарҳо

Абдуллоҳ ибни Аббос (разиаллоҳу анҳу)

Абдуллоҳ ибни Аббос (разиаллоҳу анҳу) донишманди бузурги давронаш буду аз илму дину адабиёт баҳрае зиёд бардошта, Қуръонро тарҷимаву тафсир намуда ва миёни соҳибилмони замонаш ва албатта минбаъда низ шӯҳрату шони хоса дошт.  Ҳанӯз давраҳои руҷӯи дини мубин буд ва падараш Абулфазл ислом овардани худро пинҳон медошт. Модараш Лубоба бинти Ҳорис бошад, қабл аз шавҳараш ислом пазируфтааст. Диндории ошкор, чун ҳолатҳои имрӯза бар сари мӯъминон иллатҳое аз ҷониби куффор меовард ва модар Лубоба ин ҳама зулмро аз сар гузаронидааст. Вақто ҳамл дар батн дошту лаҳзаҳои авохири мӯҳлат фаро расид, модари мӯъминон Хадича (Худованд розӣ бошад) ҳамсарашон ҳазрати паёмбарро (Дуруди Аллоҳ нисорашон) огоҳ карданд. Он ҳазрат гуфтанд (Дуруди Аллоҳ нисорашон): “Шояд Худованд писаре барои мо насиб гардонад”.  

Дар соли 619 мелодӣ чун соати вилодат фаро расид ва тифл ба дунё омад, ӯро дар порчае мато  гирифта, назди Расули Худо (Дуруди Аллоҳ нисорашон) бурд ва Паёмбар (Дуруди Аллоҳ нисорашон) ӯро Абдуллоҳ ном ниҳоданд. 

Абдуллоҳ ибни Аббос дар хурдсолиаш  ҳамроҳи модараш ба Мадина ҳиҷрат намуд.  Ӯ аз ин ҳиҷрат хеле хушҳол буд, зеро медонист комёбӣ дар наздик будан ба макони нузули ваҳй аст. Ибни Аббос ҳамеша бо Паёмбар (Дуруди Аллоҳ нисорашон) буд ва ҳар ҷо, ки мерафт ва ҳар қадаме, ки мегузошт ҳамроҳӣ мекард, то аз илму маърифаташон огоҳ шавад. 

Ҳамроҳӣ намудани Ибни Аббос бо Паёмбар (Дуруди Аллоҳ нисорашон) барои тасаллӣ додан ё зоеъ сохтани вақт набуд, балки барои таълим ва хабар додан аз афъолу кирдори он Ҳазрат (Дуруди Аллоҳ нисорашон) буд. Ибни Аббос ҳикоя мекунад, ки шабе дар хонаи холаам Маймуна будам. Чун ҳиссаи бузурге аз шаб рафт Паёмбар (Дуруди Аллоҳ нисорашон) бархоста таҳорати сабуке карда, ба намоз шурӯъ намуданд. Абдуллоҳ Ибни Аббос мегӯяд: Ман низ таҳорат карда, бо Ӯ (Дуруди Аллоҳ нисорашон) ба намоз шурӯъ кардам.

Дуои Паёмбар (с) ба Абдуллоҳ ибни Аббос.

«Эй бори Худоё, дар дин олим бигардону таъвилро ба эшон биёмӯз». 

“Эй бори Худоё, ба Абдуллоҳ ҳикмат ва тафсири Қуръонро таълим бидеҳ.” 

«Эй бор  Худоё, ба Абдуллоҳ баракат бидеҳ ва ӯро аз ҷумлаи бандагони солеҳат бигардон.»

Расули Худо (Дуруди Аллоҳ нисорашон) ба дуо кардан ба Ибни Аббос иктифо накарда, ӯро таълиму тарбия медоданд ва аҳамияти фаровоне барои ӯ қоил буд. Гӯё Ӯ (Дуруди Аллоҳ нисорашон) бо нури нубувват аз маконату манзалате, ки Ибни Аббос дар оянда соҳиб мешуд, огоҳ гардида буданд. 

Гуфтаҳои Паёмбар (Дуруди Аллоҳ нисорашон) таҳаққуқ пазируфтанд ва Абдуллоҳ дар ҳаёти худ ҳокиму донишманд гардиду рушноии чашмаш рафт, яъне дар охири умр нобино гашт.

Падараш Аббос, Абдуллоҳро аз сухан гуфтан назди бузургон манъ мекард, аммо Умар (р) аз дасти ӯ гирифта, ба маҷлиси эшон мебурд.

Рӯзе Умар (р) бо ҷамоъате аз саҳобагон нишаста буд ва миёни эшон сухан аз шаби қадр рафт. Марде аз миёни онҳо дар ин маврид сухан гуфтан гирифт. Ибни Аббос бошад хомӯшона гӯш мекард. Умар (р) гуфт: Эй Ибни Аббос, барои чӣ шумо хомӯш истодаед, гап занед хурдсолиатон шуморо аз сухан гуфтан манъ накунад.

Ибн Аббос гуфт: Эй Амиралмуъмин, Худованд фард, яъне тоқ аст ва фардро дӯст медорад. Пас рӯзҳои дунёро ба ҳафт рӯз гардонидааст, ризқи моро ба ҳафт рӯз офаридааст, болои мо ҳафт осмон ва зери мо ҳафт замин офаридааст, аз никоҳи хешовандон дар Қуръон ҳафтояшро манъ намудааст, Расули Худо (Дуруди Аллоҳ нисорашон) гирди Каъба ва миёни Сафову Марва ҳафт маротиба тавоф кардааст, санг задани шайтон ҳафт маротиб аст, пас шаби қадрро дар ҳафт рӯзи охир мебинам. Умар (р) аз суханони ӯ тааҷҷуб карда, гуфт: касе дар ин масъала бо ман мувофиқат накард, ҷуз ин писарбача. 

 Ҳангоме, ки Расули Акрам (Дуруди Аллоҳ нисорашон) аз дунё гузаштанд, Абдуллоҳ ибни Аббос 15 сол дошт. Ӯ аз вафоти он Ҳазрат (Дуруди Аллоҳ нисорашон) андӯҳгин шуда, дар сӯгвории Ӯ (Дуруди Аллоҳ нисорашон) талх мегирист.

Абдуллоҳ ибни Аббос (раз) аз Расули Акрам (Дуруди Аллоҳ нисорашон) 1660 ҳадис ривоят кардааст. Дӯстдории илмро, ки аз Паёмбар (Дуруди Аллоҳ нисорашон) гирифта буд, пас аз вафоташон  (Дуруди Аллоҳ нисорашон) фаро гирифтани илмро тарк накард ва онро идомаву сайқал дод. Ибни Аббос дар талаб намудани илм такаббурӣ намекард ва ҳар касе заррае илм дошт аз ӯ мепурсид.

Абурофеъ, ходими Расули Худо (Дуруди Аллоҳ нисорашон)-ро, ки баъзе аз суханон ва афъоли Паёмбар (Дуруди Аллоҳ нисорашон)-ро менавишт, мепурсид ва аз ӯ меомӯхт. Абдуллоҳ ибни Масъуд аз ҷаҳду кӯшиши Ибни Аббос ва шавқу муҳаббати ӯ дар талаби илм дар шигифт омада буд. 

Офтоб агар тулӯъ намуд, бояд нури он бидурахшад, агар замин сероб шуд, албатта аз он зироат бояд бирӯяд. Ҳамчунин қалбе, ки зарфи илм шуд аз он ҳилму бурдборӣ бояд сарозер шавад. Ибни Аббос, ин олими обид, чунин буд. Ӯ сабуру шикебо ва худотарс буд. Аз забони ӯ сухани ноҷое намебаромад ва аъзои ӯ кореро намекард, ки ин бурдборию сабурии ӯро халалдор созад. Чӣ тавр ӯ соҳиби чунин ахлоқи олӣ набошад, ки дар хонаи Паёмбар (Дуруди Аллоҳ нисорашон) ба воя расидааст. Ин ахлоқи олии ӯ дар рафтору гуфтораш ҳувайдо буд .

Бо ин ҳама улуми фарогирифтааш Ибни Аббос мағрури саводи худ набуд ва дар ҷиҳод ба хоири дини мубин низ хеле кӯшиш дошт,  аз ягон набард қафо намемонд. Ӯ дар чандин ғазва дар хориҷи Ҷазираи Арабӣ иштирок кардааст. Аз ҷумла аҳли Табаристон, ки дар айёми хилофати Умар (р) аҳдшиканӣ намуда буданд, ширкат дошт.

Инчунин дар рӯзи «Сиффин» ҳамроҳи ҳазрати Алӣ (р) бо хавориҷ бо забону бо ханҷараш мубориза бурдааст.

Дар соли 46-ҳиҷрӣ дар аҳди Язид ибни Муовия дар набарди диёри Рум иштирок намуда, то билоди Кастантиния расидааст.

Гурӯҳе аз бузургони саҳоба мисли ибни Умар, Ибни Зубайр ҳамроҳи ӯ дар ин набардҳо ширкат варзидаанд.  Хулас, Ибни Аббос дар ҳама навъи ҷиҳод (бо қалам, бо калом, бо ахлоқ ва бо силоҳ) ширкат кардааст.

Ибни Аббос на танҳо имоми уламо ва пешвои парҳезкорон, балки сарвари парҳезгорону порсоён ва обидон буд. Ӯ аз хурдсолӣ соҳиби чунин хислатҳои наҷиб буд, зеро ӯ дар хонадони нубувват ба воя расид ва аввалин мадрасаи ӯ маҳсуб меёбад, ки он ҷо фиқҳи ибодот ва порсоиро аз худ намуд.

Ибни Абималика мегӯяд: Дар сафаре аз Макка ба Мадина ҳамроҳи Ибни Аббос будам. Ҳар ҷое, ки шаб мегузаронидем медидам, ки нимашаб бархоста, ба тиловати Қуръон ва тасбеҳ машғул мешуд. Ибни Аббос ба хотири ибодот аз ҳамаи дороияш, ҳатто вуҷудаш даст мешуст. Ҳангоме, ки дар чашми ӯ об расид ва нобино шуд, табибон омада аз ӯ хостанд оби чашмашро резонанд ва барои як рӯз бояд истода, намоз нагузорӣ, балки нишаста, ё ба паҳлӯ намоз бихонед Ибни Аббос гуфт: На, савганд ба Худо ман як ракъатро тарк нахоҳам кард. Ӯ гуфт: Ман ҳадисеро шунидам, ки шахсе як намозро қасдан тарк гӯяд, Худовандро вомехӯрад дар ҳоле, ки ӯ аз ин банда ғазаболуд аст. Ибни Аббос бисёр ашки чашм мерезонд ё гиря мекард, ба андозае, ки зери чашмонаш хатҳо пайдо шуда буд. Худованд ба Ибни Аббос бисёр як қудрати аҷиб, фикри амиқ, илми фаровон ва қудрати ҳозирҷавобӣ дода буд.

Дар бораи вай гуфтаанд: Мисли занбури асал буд, ки гирди ҳар гуле чарх мезад ва аз он шаҳд мегирифт. Дар ҳақиқат Ибни Аббос лоиқу сазовори чунин ситоиш аст. Ӯ олими тавоно ва тарҷумони Қуръон буд, ки ҳамеша рӯй бар илму маърифат дошт. Ҳамаи саҳобагони Расули Худо (Дуруди Аллоҳ нисорашон) нисбати ӯ шаҳодат медиҳанд.

Убайдуллоҳ ибни Утба мегӯяд: Ибни Аббос бо чанд хислат аз мардум пешдастӣ намуда буд; бо илме, ки касе дорои он набуд ва фаҳми орои ӯ дар он чӣ эҳтиёҷ пайдо мешуд, дар ҳилму насабу бурдборӣ. Касеро донотар ба аҳодиси Паёмбар (Дуруди Аллоҳ нисорашон) аз ӯ надида будам. Инчунин ба ҳукми қазоватҳои содиршудаи Абубакр (р), Умар (р), Усмон (р). Чун ҳар шабонгоҳ назди ӯ ҷамъ мешудем шабе аз таърихи набардҳои араб, шаби дигар дар бораи насабҳо ва шабе дар бораи шеър бо мо сӯҳбат мекард.

Масруқ мегӯяд: Ҳар гоҳ, ки Ибни Аббосро медидам, мегуфтам: Зеботарини мардум аст, чун нутқ мекард, мегуфтам: суханвартарини мардум аст. Чун сухан мегуфт, мегуфтам: донотарини мардум аст.

Баъд аз он гуфт: Се маротиба Қуръонро назди Ибни Аббос гузаронида, назди ҳар оят истода, аз ӯ мепурсидам: Дар шаъни чӣ нозил шуда, ва чӣ тавр буд?

Қосим ибни Муҳаммад гуфтааст: Дар маҷлиси Ибни Аббос ҳаргиз ботиле надидам.

Товус мегӯяд: Қариб панҷсад нафар аз саҳобагони Паёмбар (Дуруди Аллоҳ нисорашон)-ро дарк намудам. Ҳар гоҳ миёни эшон дар масъалае ихтилоф мешуд ба гуфтаи Ибни Аббос руҷуъ мекарданд..

Чун синну соли ибни Аббос ба ҷое расид, шаҳри Тоифро, ки  дорои обу ҳавои тоза аст, барои гузаронидани рӯзҳои охири ҳаёташ ихтиёр намуд. Ӯ дар Тоиф буд, аммо мардум ва толибилмон аз ҳамаи манотиқ назди ӯ мерафтанд. Ҳамин тавр, зиндагии Ибни Аббос идома ёфт, то ин ки биноияш аз байн рафт ва синаш ба ҳафтоду як расид. Дар ҳамин ҳолат рӯҳи покаш аз баданаш ҷудо шуд ва мардум аз фироқи ӯ хеле андӯҳгин шуданд.

Соима Саидӣ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *