«ТОҶИ СОМОН». Дар Душанбе дуюмин синамоҷашнвораи байналмилалӣ баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 09.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик (16 октябр) аз 15 то 20 октябр дар Душанбе дуюмин Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе — «Тоҷи Сомон» таҳти шиори «Таърихи рушди тоҷикон» доир мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд.
Дар назар аст, ки дар ҷашнвора меҳмони зиёд аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Осиё ва Аврупо иштирок намоянд.
Дар доираи баргузории синамоҷашнвора рӯзҳои кинои Федератсияи Русия, Эрон, Ҳиндустон, Қирғизистон ва Туркманистон дар Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.
Инчунин дар доираи ин ҷашнвора, ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳо, рӯнамоии лоиҳаҳои синамоӣ-филмҳои тасвирӣ, ҳунарӣ ва мустанад, ҳамоиш бо иштироки намояндагони маъруфи кинои давлатҳои хориҷи дуру наздик, нишастҳои матбуотӣ, дарси «Устод ва шогирд» пешбинӣ гардидааст.
Мақсади гузаронидани синамоҷашнвора дастгирии ҷавонони эҷодкор, таваҷҷуҳ ба арзишҳои миллӣ, табодули таҷриба, омӯзиш, манзури ҳаводорони кино намудани филмҳои ватанию хориҷӣ, таҳияи лоиҳаҳои муштарак, муаррифии маконҳои сайёҳӣ ва тарғиби дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, таҳкиму тавсеаи робитаҳои байналмилалӣ дар соҳаи кино мебошад
Ин синамоҷашнвора барои мутахассисони соҳаи кинои байналмилалалӣ арсаи муҳим буда, дар он филмбардорони маъруфи давлатҳои ҷаҳон ба ҳайси меҳмони фахрӣ иштирок менамоянд.
Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» дар ду сол як маротиба ҳамчун рӯйдоди байналмилалии фарҳангӣ барои сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Якумин Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» соли 2023 доир шуда, дар назар аст имсол дуюмин Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе- «Тоҷи Сомон» баргузор гардад.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»