Рубрики Хабарҳо

Рамазон Раҳимзода иддаои “Ховар” дар мавриди ҲНИТ-ро рад кард.

Вазири умури дохилаи Тоҷикистон иддаои “Ховар”-ро дар мавриди ин ки ҲНИТ дар листи сиёҳи СҲШ ворид шудааст, рад кард.
Санаи 21-уми июли 2017, Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилаи Тоҷикистон зимни ҷавоб додан ба суолҳои журналистон иддаои хабаргузории “Ховар”-ро мабнӣ бар ин ки сохтори зидди-террористии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) Ҳизби наҳзатро “созмони террористӣ” эълон кардааст, рад кард ва изҳори умедворӣ кард, ки ин кор “дертар” сурат хоҳад гирифт. 


Бар асоси гузориши хабаргузории “Озодагон”, вазир дар ҷавоб ба суоли “Хабари “Ховар” дуруст аст, ки ҲНИТ ба феҳрасти гурӯҳҳои террористии СҲШ ворид шудааст?”, ин хабарро тасдиқ накарда, гуфт: “Ин як расмиёт дорад. Расмиёти давлатӣ ва байнидавлатӣ.”


Сипас, Раҳимзода ифзуд: “Дертар ҳам бошад, ҲНИТ-ро ҳамчун ниҳоди террористӣ ба қайд мегиранд. Ниҳоди зиддитеррористии СҲШ ҲНИТ-ро ба феҳрасти террористӣ ворид мекунад.”
Ин изҳороти ахири Рамазон Раҳимзода, вазири кишвар, ба баҳсҳо дар мавриди ин иддаои “Ховар” поён дод ва ҳамин тариқ беасос ва дурӯғ будани ду изҳороти расмии “Ховар” ошкор шуд. 


Суоли матраҳ ин аст, ки оё хабаргузории “Ховар”, ки хабаргузории расмии ҳукумати ҶТ буда, сад дар сад аз будҷаи давлат маблағгузорӣ мешавад, барои беасос мунҳариф кардани афкори умумӣ, аз мардум пузиш хоҳад хост?”
***
Матни пурраи раддияи Маркази матбуотии ҲНИТ дар ин замина:
ДУРӮҒПАРОКАНИИ «ХОВАР»
Дуруғпарокании »Ховар» ва сайтҳои фейкӣ алайҳи ҲНИТ
15-уми июли соли равон хабаргузории расмии »Ховар» дуруғи навбатиеро дар бораи ҲНИТ пахш намуд, ки гуё “Сохтори минтақавии зидитеррористии СҲШ” ҲНИТ-ро дар қатори созмонҳои террористӣ дохил намуд. Ин бори аввал нест, ки ин хабаргузории расмии давлатӣ ба нашри хабарҳо, мақолаҳову таҳлилҳои супоришӣ, дуруғ ва туҳматангез даст мезанад.

Таблиғоти зидди ҳизбу гурӯҳҳои оппозитсионӣ, расонаҳои мустақил ва шахсиятҳои барҷастаи сиёсиву фарҳангӣ ва мазҳабӣ аз вазифаҳои аслии ин маркази дуруғпароканӣ гаштааст.

Ин хабаргузорӣ, ки сад дар сад аз пули миллат маблағгузорӣ мешавад, бештарин хабарҳои дуруғро дар ҳаққи миллат пахш намудааст. Бо вуҷуди хабаргузории расмии давлатӣ будан, аз камтарин меъёрҳои ахлоқӣ ва касбии соҳа бархурдор нест. Хабари нашркардаи боло низ далели ин гуфтаҳост.


Аз тарафи дигар, нашри ин хабар масъалаи дигареро ошкор намуд, ки коршиносон чандин вақт боз ҳадс мезаданд. Он ҳам бошад, ба кадом доираҳо мутаъаллиқ будани якчанд сайтҳои фейкӣ, ки бо нашри хабару мақолаҳои дуруғу туҳматангез ва берун аз доираи ахлоқу фарҳанг фазои иттилоотии кишварро заҳролуд карда буданд.

Хабари дуруғ дар бораи ҲНИТ худи ҳамон рӯз аввал дар сайти фейкии “Ҳамсинф” нашр шуд, ки бегоҳаш хабаргузории »Ховар» бидуни кадом тағйироте онро нашр кард, бидуни он, ки ба он сайт такя кунад. Пас маълум мешавад, ки матлаб барои ҳарду сайт дар як ҷо омода шудааст ва ин ду сайт лозим намедонанд, ки камтарин меъёри рӯзноманигорӣ, яъне, истинод ба сарчашмаҳои аввалро риоят намоянд. Чун ҳарду як ҳастанд.


Аҷиб ин аст, ки ҳарду сайт хабари худро гуё дар асоси як расонаи олмонӣ бо номи “Abendzeitung München” омода кардаанд, ки гуё якуним сол пеш ин хабарро нашр карда бошад. Илова бар он, ки номи ин расонаи олмониро бо иштибоҳҳои фоҳиш навиштаанд, туҳмате низ дар ҳаққи ин расона ҳам кардаанд.

Барои исботи ин ҳарф кофӣ аст, ки калидвожаҳои лозимиро ба хадамоти ҷустуҷӯйии ин сайт ворид намоед, то пайдо кунед ин расона чанд мақола, кай ва дар чӣ мавзӯъ дар бораи кишвари мо ва ҲНИТ нашр кардааст. Маьлум мешавад, ки ин расона ҳеч хабареро дар ин мавзӯъ ва умуман дар бораи кившари мо нашр накардааст. Пас, ин расона ҳақ дорад, ки »Ховар»-ро барои туҳмат ба додгоҳи байналмиллалӣ бикашад.

Албатта, »Ховар» ин дуруғро барои хонандагони содда ва зудбовари дохилӣ нашр кардааст, ба умеди он, ки онҳо дастрасӣ ба расонаҳои хориҷӣ надоранд ва умед кардаанд, ки бо лой кардани об моҳӣ медоранд.


Аммо, шармандагии дигари »Ховар» инҷо бармало мешавад, ки Тоҷикистон узви СҲШ мебошад ва чигуна ин созмон якуним сол пеш қароре қабул мекунаду ниҳодҳои давлатии мо аз вуҷуди он имрӯз аз кадом як расонаи олмоние огоҳ мешаванд? Куҷо буданд намояндагони мо дар ин созмон? Ҳол он, ки Дабири Кулии СҲШ шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.


Маьлум аст, ки пас аз нокомӣ дар муаррифии ҲНИТ ҳамчун як созмони экстремистӣ, туҳматгарон аз пасттарин дуруғ ҳам рӯй намегардонанд. Агар фардо хабари расмӣ ҳам дар бораи ворид намудани ҲНИТ дар кадом як зерниҳоди созмонҳои минтақаӣ пайдо шавад ҳам, ҷои тааҷҷуб нахоҳад буд. Чун мақомоте, ки аз дуруғу туҳмат руй намегардонанд, аз додани пора ва фишороварӣ барои расидан ба ҳадафи худ ҳечгоҳ рӯй нахоҳанд гардонд.
Маркази матбуотии ҲНИТ
17.07.2017

*Барои маълумот:
1. Линки матлаби “Ҳамсинф”:(2017-07-15 09:23:43)
2. Линки матлаби “Ховар”: …/sohtori-minta-avii-zidditerroristii-s-s…/ (Июл15, 2017 18:28)
3. Линки матлаб дар «Ориён»: …/7136-ssh-nit-ro-dar-atori-diish-ba-ryha…
4. Линки раддияи ҲНИТ ба изҳороти аввали “Ховар”: 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *