Додситонӣ ва Додгоҳ дар тахриби тақдири инсонҳо бештар аз ҳар ниҳодҳои дигар даст доранд
Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон, рӯзи 17-уми июл ҳини нишасти матбуотӣ нисбати бозбинии парвандаи соҳибкори машҳур Зайд Саидов, гуфт, ки ҳеҷ ниёзе ба бозбинии парванда нест.
Парвандаи Зайд Саидов аз ҷониби Фирӯз Холмуродзода, корманди Оҷонсии зидди фасод, ки муттаҳам ба қалобӣ шудааст ва айни ҳол дар боздоштгоҳ қарор дорад, тафтиш, санҷиш ва барои баррасӣ ба Додгоҳи Олӣ супорида шуда буд. Айни ҳол Холмуродзода ҳамчун шахси қаллоб муттаҳам аст ва баид нест, ки бо дасти ӯ нисбати парвандаи Зайд Саидов сохтакориҳо шуда бошад. Зеро ингуна нигарониҳо пеш аз ҳабс шуданаш ҳам вуҷуд дошт. Худ ҳолати ба сари Холмуродзода омада, мақоли халқии «чоҳкан зери чоҳ»-ро мемонад.
Аммо раиси Додгоҳи олӣ ба ин бовар аст, ки “…ин парвандаҳо аз ҷониби як сохтори алоҳидаи давлатӣ тафтиш шуда, аз сӯи додситонӣ омӯхта шуданд ва аксари онҳо мавриди баррасии Суди Олӣ қарор доштанд. Ягон шубҳа дар бораи асоснокии онҳо буда наметавонад”.
Аз рӯзи аввал иттиҳомоти Агентии мубориза зидди коррупсия, нисбати соҳибкори ватандӯсту ободкор Зайд Саидов хеле машкук буданд ва то ҳол касе ба гунаҳкории ин марди шариф бовар надорад. Режими Раҳмон барои рӯпӯш кардани тӯҳматҳои беасосу сохтаи худ яке аз адвокатҳои ӯ Шуҳрат Қудратовро бо тӯҳмат зиндон намуда, дигар вакилаш Исҳоқ Табаровро бо таъқибу фишор ба сактаи қалб расониданд. Ин вакилон бо ташхиси тиббӣ дар Русия собит карда буданд, ки зерҳимояашон бегуноҳ аст, вале ин далели ошкор аз ҷониби қозӣ ба инобат гирифта нашудааст.
Дар ин радиф раиси Додгоҳи олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён иброз доштааст, ки «парвандаҳои таҳиякардаи Холмуродзода ниёз ба бозбинӣ надоранд». Дар ҳоле, ки даст надоштани ӯ дар таҷовузи як хонум бо ташхиси тиббӣ ё ДНК исботи худро ёфтааст ва бо сабабе, ки ин марди бузург маъюб асту як дасташ нуқсон дорад, имкон надорад, ки ба чунин коре даст бизанад. Амалан Зайд Саидов марди сарватманд буд ва тавони бароварда кардани ҳама хоҳишоташро дошт.
Чунон ки боло зикр шуд, маҳз ҳамин далел оварданҳо ва исботи бегуноҳии ӯ як вакилашро ба гӯр ва дигареро ба зиндон кашонид. Ҳоло муфаттиши ин парванда ҷинояткор ва порахӯр муаррифӣ мешавад, ки худи Холмуродзода бо дарки ин ки бозичаи бозии калон гаштааст аз дохили боздоштгоҳ изҳор доштааст, ки «ман танҳо нахӯрдаам». Яъне ғоратгарони аслии ин миллат ҳама мансабдорони баландпояи давлатиянд.
Ҷаноби Шермуҳаммади Шоҳиён бо ин изҳороташ бори дигар собит намуд, ки парвандаи Зайд Саидов фармоишӣ аст ва ӯ фармонбардоре беш нест. Шохаи судӣ дар Тоҷикистон мустақил набуда, аксар кормандонаш ва бахусус Шермуҳаммади Шоҳиён зомини тақдири ҳазорон нафар мебошад.
Чаро дар расонаҳо ҳамеша аз КДАМ ва ВКД интиқод карда мешавад, ҳангоме, ки Додситонӣ ва Додгоҳ дар тахриби тақдири инсонҳо бештар аз ҳар ниҳодҳои дигар даст доранд?
Ин ду ниҳод дар кишвари мо нақши дурӯғросткунро мебозанд, ки бидуни ташхису таҳқиқ ҳарчи Э. Раҳмон, КДАМ ва ВКД мегӯяд ҳамонро анҷом медиҳанд.
Муртазои Мирзо