11 июня, 2025
# Tags
#Pressa

Иштироки ҳайати расмии Амонатбонк дар ҷаласаи Шӯрои сарони бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии СҲШ


Аз 4 то 6 июни соли 2025 ҳайати расмии Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»» таҳти роҳбарии раиси раёсати КВД БА ҶТ «Амонатбонк» Алиҷон Салимзода дар ҷаласаи Шӯрои сарони бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай (ИББ СҲШ), ки дар шаҳри Пекини Чин баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар ҷаласаи мазкур роҳбарони бонкҳои аъзои ИББ СҲШ ширкат варзида, масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, ба имзо расонидани Баёнияи муштараки бонкҳои аъзои ИББ СҲШ ба муносибати 20-солагии Созмони ҳамкории Шанхай, густариши аъзои Иттиҳод ва тақвияти чорабиниҳо дар самти табодули таҷриба байни бонкҳо дар меҳвари муҳокима қарор доштанд.

Дар рафти ҷаласа, бо ҷонибдории иштирокчиён ҶСК «Беларусбанк» ҳамчун узви нав ба ИББ СҲШ пазируфта шуда, протокол дар бораи аъзогӣ аз ҷониби роҳбарони бонкҳо ба имзо расонида шуд.

Пас аз анҷоми ҷаласаи расмӣ, мулоқотҳои дуҷонибаи раиси раёсати Амонатбонк  Салимзода Алиҷон  бо Президенти Бонки давлатии рушди Хитой ҷаноби Тан Сзюн, раиси Элдик Бонки Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаноби Уланбек Ногаев ва раиси ҶСК «Беларусбанк» ҷаноби Ананич Виктор Михайлович баргузор гардиданд.

Зимни мулоқотҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла табодули таҷриба, мусоидат ба маблағгузории савдо ва рушди гардиши молу маҳсулот байни кишварҳо баррасӣ гардиданд. Раиси Амонатбонк бо изҳори қаноатмандӣ пешниҳодҳои бонкҳои шарикро пазируфта, омодагии ҳамаҷонибаи бонкро барои ҳамкорӣ дар самтҳои гуногун иброз намуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *