Рубрики Хабарҳо

“Наъимҷон Самеев дар боздоштгоҳи Душанбе қарор дорад”

Наъимҷон Самеев, раиси собиқи шӯъбаи вилоятии ҲНИТ дар Суғд дар яке аз боздоштгоҳҳои Душанбе қарор дорад. Дар ин бора радиои “Озодӣ” бо истинод ба манбаъаш дар Вазорати дохила хабар додааст.

Самеев шоми 30 ноябр дар шаҳри Грозний, пойтахти ҷумҳурии Чеченистони Русия боздошт ва дирӯз 5 декабр ба Тоҷикистон истирдод шуда буд. Мақомоти Тоҷикистон занӯз ҳеҷ иттилоъи расмие дар ин бора ироа накардаанд.

Баъди боздошт дар Грозний, тибқи маълумоти наздиконаш, пулиси Русия Самеевро ба идораи пулис дар Ставропол интиқол дод, аммо баъди он дигар ҳеҷ маълумоте дар борааш пйдо нашуд. Субҳи дирӯз ӯро ба фурӯдгоҳи Домодедовои шаҳри  Маскав бурданд ва аз онҷо ба Душанбе истирдод карданд.

Замони қарор доштанаш дар фурӯдгоҳи Домодедово, вакили дифоъи ӯ ба Додситонии кулли Русия номаи оҷил навишт, то аз истирдоди Саммев бинобар имкони шиканҷа шаданаш дар Тоҷикистон пешгирӣ шавад, аммо додситонӣ вокунише нишон надод.

Наъимҷон Самеев аввалин масъули собиқи ҲНИТ нест, ки аз тарафи мақомоти амниятӣ рабуда мешавад. Қаблан Нуъмонҷон Шарипов, раиси собиқи комиссиюни тафтишотии ҲНИТ дар вилояти Суғд дар Истанбули Туркия боздошт, сипас бидуни ҳукми додгоҳ ба Тоҷикистон истирдод шуд.

Баъдан мақомот ӯро раҳо карданд ва Шарипов ба Туркия баргашт. Тибқи иттилоъи як манбаъи Паём, бозгашти Шарипов ба Туркия бинобар фишори давлати ин кишвар ба Тоҷикистон муяссар шудааст. Ҳамин манбаъ ҳамчунин гуфт, ки масъулони туркӣ ҳам, ки дар рабуда шудану ба Тоҷикистон бурдани Шарипов даст доштаанд, муҷозот шудаанд.

Аммо Наъимҷон Самеев тибқи гуфтаи наздиконаш аз аввали соли 2015 ба Русия ҳиҷрат намуда, аз фаъолиятҳои сиёсӣ даст кашидааст. Маълум нест мақомоти Тоҷикистон бо чӣ иттиҳоме ӯро дар пайгард қарор дода буданд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *