Як сол пеш Маҷмаъаи умумии Созмони милал муоҳидаи ҷаҳонии оворагонро тасвиб кард. Ҳоло конфронс дар Женева роҳҳои ҳамкорӣ ва таъмини беҳтари ниёзҳои оворагонро баррасӣ мекунад. Оворагоне, ки вазъиятшон “фоҷеъаи инсонии насли мо” номида мешавад.
Як сол пеш дар чунин рӯзе 17 декабр муоҳидаи ҷаҳонии оворагон дар Созмони милали муттаҳид дар Ню-Йорк ба тасвиб расид. Ҳафт рӯз пеш аз он, паймони муҳоҷират бо ҳадафи тасҳили муҳоҷирати қонунӣ ва коҳиши муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба тасвиби беш аз 150 кишвар расида буд.
Муоҳидаи ҷаҳонии оворагон, ки аз назари қонун илзомовар нест, чаҳор ҳадафи ҷаҳониро думбол мекунад: Коҳиши фишор бар кишварҳои пазироии паноҳҷуён, ҳимоят ва тақвияти истиқлоли паноҳҷуён, густариши дастрасӣ ба барномаҳои пазириши инсондӯстона ва фароҳам кардани шароит барои бозгашт бо иззат ва амният ба кишвари мабдаӣ.
Комиссариати олии Созмони милали муттаҳид дар умури паноҳандагон, як сол пас аз тасвиби ин муоҳида бо баргузории як нишаст, ки то рӯзи 18 декабр дар Женева идома хоҳад ёфт, дастовардҳои ин муоҳида ва роҳҳои тақвияти ҳамкорӣ дар ин арсаро баррасӣ мекунад.
Олмон яке аз кишварҳои имзокунандаи ин тавофуқнома буд, тавофуқе, ки Амрико аз имзои он сар боз зад. Ангело Меркел, садри аъзами Олмон тасвиби ин паймон бо аксарияти ороро дар соли гузашта, “муффақияти бузург” номидааст.
Филиппо Гранди, комиссари Созмони милали муттаҳид дар умури паноҳандагон аз садри аъзами Олмон ва ин кишвар қадрдонӣ кардааст. Крис Милатсер, сухангӯи комиссариати олии Созмони милали муттаҳид барои паноҳандагон, Олмонро дар заминаи вазъияти паноҳҷуён намуна медонад ва мегӯяд: “онҷо, ки сухан аз ҳамгароӣ бо ҷомеаи мизбон ва бозор кор ба миён меояд, Олмон як намунаи бисёр хуб аст.”
Ҳадафи ин муоҳида ташвиқи кишварҳо барои фаъолият ва кумаки молӣ бештар дар ин арса аст.
Солона 50 доллар ба изои ҳар нафар
Олмон дар ҳоли ҳозир бо 400 миллион доллар кумак ба комиссариати олии Созмони милали муттаҳид барои паноҳандагон, дувумин эҳдокунанда бузург пас аз Иёлоти муттаҳидаи Амрикост, кишваре пазирои паноҳҷуён аст ва тамоми шурути паймонро иҷро кардааст.
Дар нишасти Женева кишварҳои ширкаткунанда қасд доранд, нуқоти заъфро барои ҳамкории бештар ва муҳимтар аз ҳама кумакҳои молии бештар дар оянда шиносоӣ кунанд. Чаро, ки ҳарчанд аз будҷаи ҳашт миллиард долларии комиссариати олии Созмони милали муттаҳид дар умури паноҳандагон сухан ба миён аст аммо ин ниҳод солона танҳо чаҳор миллиард доллар кумаки молӣ дарёфт мекунад. Сухангӯи ин комиссариат бо ишора ба ин ки “шояд ҳамин маблағ ҳам зиёд ба назар биёяд”, мегӯяд: “Аммо агар онро бар шумори паноҳҷуён тақсим кунем, ба ҳар нафар тақрибан 50 доллар дар сол мерасад, ки бо ин маблағ бояд як чодар барои сарпаноҳ, хӯроки рӯзона ва воксина таъмин шавад ва дар беҳтарин ҳолат бояд ин пул ба хариди китобҳои дарсӣ, ки бо онҳо битавон ба бачаҳо чизе омӯхт ҳам бирасад ва ҳамин ҷост, ки метавон пай бурд: 50 доллар дар сол хеле кам аст.”
Маблағи бисёр кам дар ҷаҳоне, ки 70 миллион нафар аз хона ва кошонаи худ овораанд; Ба гуфтаи камисариати олии Созмони милал барои паноҳҷуёни бештарин шумори овора аз поёни ҷанги ҷаҳонии дувум то кунун.
Филиппо Гранди мегӯяд: “Ба ҳамагон ёдоварӣ мекунам: Дар ҳамин лаҳзае, ки мо бо ҳам ҳарф мезанем, 70 миллион инсон овораанд.”
Як сол аз тасвиби муоҳидаи ҷаҳонии оворагон мегузарад. Чӣ чизе дар вазъияти паноҳҷуён тағйир кардааст? Сухангӯи комиссариати олии Созмони милали муттаҳид дар умури паноҳандагон воқеъбинона посух медиҳад. Милатсер мегӯяд: “На он қадар зиёд, ки умедвор будем. Тағйироте карда аммо бо вуҷуди ин бояд гуфт: Ин як таклифи баландмуддат аст ва ба гуфтаи Филиппо Гранди, ин фоҷиаи инсонии насли мост.”
Фонусе, ки рӯ ба хомӯшӣ аст
Паймони паноҳҷӯӣ танҳо метавонад оғозе барои тағйири шароите бошад, ки онро “фоҷиъаи инсонии насли мо” номидаанд. Дар ин миён нақши комиссариати олии Созмони милал дар умури паноҳандагон бисёр муҳимм аст; Аммо фонусе, ки ҳамвора дар маърази таҳдид ба хомӯшӣ аст. Сухангӯи ин комиссариат мегӯяд: “Бо ифтихор мегӯем, ки мо бузургтарин Созмони имдодӣ дар саросари ҷаҳонем, ду ҷоизаи сулҳи Нобелро аз он худ кардаем ва зарфи 72 соат метавонем дар ҳар куҷое дар саросари ҷаҳон, ки лозим бошад, ҳозир шавем; То ба ин ҷо ҳама чиз олӣ аст. Аммо бо вуҷуди ин бояд дар воқеият, хона ба хона биравем ва ҳар сол дасти хоҳиш дар баробари давлатҳо дароз кунем, ки ба мо кумак кунанд.”