11 июня, 2025
# Tags
#Pressa

Дар Душанбе як нуқтаи фурӯши моҳии бирёнро бастанд


Дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе як нуқтаи фурӯши моҳӣ барои риоя накардани қоидаҳои санитарӣ муваққатан баста шуд.

Гуфта мешавад, Абдуғаниев Ҷаҳонгир дар кӯчаи Гипрозем бе риояи талаботи санитарӣ ва муҳити тоза, нуқтаи фурӯши моҳии бирён ташкил намуда, дар якҷоягӣ бо кормандонаш дар шароити ифлосу ғайрисанитарӣ ба тайёрсозӣ ва фурӯши маҳсулот машғул будааст.

Мақомоти масъул нисбат ба ин ҳолат маводи зарурии ҳуқуқӣ тартиб дода, масъала айни замон мавриди баррасии ниҳодҳои дахлдор қарор дорад.

Дар баробари ин, барои мутобиқсозии фаъолияти нуқтаи мазкур ба талаботи стандартҳои соҳаи хӯрокворӣ чораҳои зарурӣ андешида хоҳанд шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *