Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ мизи мудаввар баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 10.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. 10 июн дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон мизи мудаввари илмӣ-амалӣ бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон хабар доданд, ҳадафи асосии ҳамоиш ҳамовозӣ ба ташаббуси навбатии ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии ҷараёни ҷаҳонии ҳифзи криосфера ба ҳайси як самти калидии сиёсати иқлимии башарӣ мебошад.
Дар мизи мудаввар намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, раёсати донишгоҳ, олимону коршиносон, инчунин кормандони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Муовини якуми ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Мирзоҳид Раҳимов таъкид намуд, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Фаронса ин даҳсолаи илмии криосферӣ эълон карда шуд ва он дастоварди назарраси навбатӣ дар арсаи дипломатияи обу иқлим гардид.
Дар идома иштиродорон доир ба мавзуъҳои «натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо», «нақши илмҳои яхшиносӣ дар таҳкими амнияти обӣ ва экосистемаи минтақавӣ», «пайомадҳои обшавии пиряхҳо ва зарурати мониторинги дақиқ» ва «Тоҷикистон дар маркази дипломатияи сабзи ҷаҳон: оғози Даҳсолаи илмҳои криосферӣ ҳамчун саҳми стратегии кишвар дар ҳалли мушкилоти иқлимӣ» маърӯза намуданд.
Дар ҷараёни ҳамоиш зарурати таҳкими тадқиқоти криосферӣ, таъсиси Маркази ҳамоҳангсозии минтақавӣ оид ба илмҳои яхшиносӣ дар шаҳри Душанбе, рушди ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ, ҷалби ҷавонон ба омӯзиши илмҳои иқлимию яхшиносӣ ва воридсозии фанҳои марбут ба иқлим, муҳити зист ва пиряхҳо ба барномаҳои таълимӣ баррасӣ гардид.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон