Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар суханронии онлайниаш, ки шоми дирӯз баргузор гашт гуфт Созишномаи сулҳи тоҷикон асосан санади ҳуқуқӣ аст, аммо ин ҷанбаи асосии он фаромӯш шуда, мардум ва коршиносон бо он чун як санади ормонӣ ва деларатсия муносибат мекунанд.
Раҳбари мухолифин таъкид кард тақрибан дар тамоми ҷараёнҳои сулҳи тоҷикон, бахусус дар мулоқотҳое, ки байни Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва раисҷумҳур Раҳмон сурат мегирифт ширкат карддаст.. “Тамоми он ҳодисаҳо сулҳофариниҳо, ҷангу ҷанҷолҳо ҷузъе аз ҳаёти мо ҳастанд ва нигоҳи мо ҳамчун коршинос аз берун нест, балки аз даруни он ҳодисаҳо аст ва он ҷузъе аз ҳаёту зиндагии мост”.
Муҳиддин Кабири аз аъзои Комиссиюни оштии миллӣ, аз ҷумла тарафи дигари сулҳ ҳам хост, то хомӯш набошанд ва аз он ҳодисаҳо ба мардум бигӯянд, чун он ҷузъе аз таърихи миллат аст.
Роҳбари мухолифони тоҷик ҳамучунин аз коршиносони оппозитсия ва ҳам аз коршиносони ҳукуматию мустақил даъват кард, то ба созишномаи сулҳ на ҳамчун санади ормони ё декларатсия муносибат кунанд, балки ба ин созишнома ҳамчун санади ҳуқуқи бархӯрд шавад. Ӯ таъкид кард “агарчи ин санад аз ҷониби ду гуруҳи тоҷикистонӣ имзо шудааст, аммо дар он имзои намояндаи вижаи Созмони милал низ, дар баробари имзои раисҷумҳур Раҳмон ва Устод Нурӣ вуҷуд дорад ва ин як санади ҳуқуқии баналмиллалӣ аст”.
Муҳиддин Кабирӣ тавзеҳ дод, ки тибқи моддаи 10-и Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамагуна санадҳои байналмиллалие, ки аз ҷониби Тоҷикистон эътироф шудааст, ҷузъи таркибии ниҳоми ҳуқуқии кишвар аст ва бар сандаҳои дохилӣ бартарият дорад. “Санади ҳуқуқӣ як вижагӣ дорад — иҷроишаш ҳатмӣ аст ва дар сурати шикаста шудан ё иҷро нагаштан ҷавобгарӣ дорад”.
Сӯҳбати онлайнии раиси Паймони миллии Тоҷикистон бо мардум ду соат идома кард, ки дар он ҳамчунин баён кард ваҳдати миллӣ аз нигоҳи ӯ чист ва чӣ гуна бояд бошад, сулҳ аз ваҳдати миллӣ чӣ фарқ дорад ва ба суолҳои бинандагон посух гуфт, ки бо тафсил дар сойти Паём нашр хоҳад шуд.
Пахши мустақими гуфтугӯи раҳбари мухолифин бо мардум аз канали ютубии Паймони миллӣ, телевизиони ПаёмТВ ва радиои Паём пахш шуданд. Сабти онро метавонед инҷо бубинед: