Созмони мустақили мубориза бо падидаҳои манфӣ дар варзиши сабук AIU, Athletics Integrity Unit гурзандози тоҷик қаҳрамони олимпӣ Дилшод Назаровро ба истифодаи допинг муттаҳам кардааст. Номи Дилшод Назаров дар рӯйхати варзишгароне, ки бо гумони истифодаи допинг муваққатан аз иштирок дар мусобиқаҳо маҳрум шудаанд ва ин озмон рӯзи 24-уми сентябр нашр кардаат, ворид шудааст.
Худи Дилшод Назаров ҳанӯз ба ин иттилоъ вокуниш накардааст. Тибқи иттилоъи расонаҳо, ӯ ҳоло барои иштирок дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Қатар қарор дорад.
Ин созмон иддаъо кардааст, тафтиши дубораи допинг дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2011 дар Кореяи Ҷанубӣ “дар намунаи Дилшод Назаров маводи мамнӯи метаболити туринаболи даҳонӣ (metaboliteof oralturinabol)” пайдо кардааст.
Қаблан пас аз ширкат дар Олимпиадаи соли 2016 Дилшод Назаров аз ташхиси допинг гузаштаву ҳеҷ допинге дар хуни ӯ кашф нашуда буд.