Соҳибкорону аҳолӣ 5500 км роҳро таъмиру асфалтпӯш кардаанд
Соҳибкорон ва аҳолӣ дар Тоҷикистон дар 20 соли охир 5,5 ҳазор км роҳҳои мошингардро таъмир ва асфалтпӯш кардаанд. Дар ин бора сомонаи “Авесто” бо истинод ба Вазорати нақлиёти кишвар хабар медиҳад
Аз замони расидан ба истиқлолият (28 сол), аз ҳисоби қарзу грант ва буҷаи давлат бошад, 2,8 ҳазор км роҳ, 5 нақб ва 405 пули мошингузар сохта ва ё таъмир гардидаанд.
Аз пулҳои сохтаи аҳолӣ иттилоъ дода намешавад, аммо аз хабарҳои расонаишуда дар ин муддат мешавад тахмин кард, ки шумори онҳо аз шумори пулҳои сохташуда бо маблағи қарзу грант камтар нест.
Барои асфалтпӯш кардани як километр роҳ, ба ҳисоби миёна $1 млн масраф мешавад ва метавон гуфт, ки шаҳрвандон барои таъмиру асфалтпӯш кардани роҳҳо дар 20 соли охир на камтар аз $5 млрд харҷ кардаанд.
Саҳми давлат дар сохтану таъмир ва асфалтпӯш кардани роҳҳо бисёр кам аст. Ба ҳисоби миёна, дар роҳҳое, ки аз ҳисоби қарзу грантҳо сохта ва таъмир мешаванд, ҳукумати Тоҷикистон 10 то 15 дарсад саҳм дорад. Ин ҳам дар ҳолест, ки солона миллионҳо доллар андози роҳ ҷамъоварӣ мегардад.
Дар ҳоли ҳозир дар кишвар 11 пружа дар сохтмону таъмири роҳҳо ба маблағи $497,1 млн дар ҳоли иҷро шудан аст. Ин пружаҳо сохтмон ва таъмири роҳҳову пулҳоро дарбар мегиранд.
Аз ҷумлаи ин пружаҳо сохтмону азнавсозии роҳҳои Душанбе – сарҳади Ӯзбекистон – даври 2, Бохтар – Душанбе даври 1 ва 2, Кангурт-Балҷувон-Ховалинг мебошанд.
Дар чаҳорчӯбаи ин пружаҳо сохтмони нақбу пулҳо низ пешбинӣ шудааст.
Тибқи иттилоъи Вазорати нақлиёт, бештари пружаҳо аҳамияти байналмиллалӣ дошта, ба Тоҷикистон имкони пайвастан бо ҳамсояҳо ва баромадан ба баҳрро фароҳам мекунад.
Вазорат ҳамчунин қайд мекунад, ки анҷоми қисме аз ин пружаҳо, аз ҷумла роҳи Душанбе – сарҳади Ӯзбекистон – даври 2 дар соли ҷорӣ ба назар гирифта шудааст.
Қисми асосии ин пружаҳо аз ҳисоби қарзу грантҳо амалӣ мешаванд. Граннтҳоро Бонки Осиёи Рушд ҷудо мекунад, қарзҳо бошад аз сандуқҳои арабӣ ва дигар институтҳои байналмиллалии молиявӣ гирифта мешаванд.