Дар минтақаҳои ҷанубу ғарби Тоҷикистон корҳои омӯзишӣ-геофизикӣ оғоз гардид

ДУШАНБЕ, 12.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар минтақаҳои ҷанубу ғарби Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои омӯзишӣ-геофизикӣ дар намуди сейсмоиктишофӣ бо усули 2D оғоз гардид. Корҳои омӯзишӣ-геофизикӣ дар доираи лоиҳаи «Бохтар» аз ҷониби Корпоратсияи миллии нафту гази Чин (CNPC) амалӣ мешавад.
Тавре аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, бахшида ба оғози марҳилаи нави корҳои сейсмоиктишофӣ ҳамоиш доир гардид. Иштирокдорони ҳамоиш нахуст аз намоиши дастгоҳу таҷҳизотеро, ки барои корҳои сейсмоиктишофӣ ва пармакунӣ истифода мешаванд, тамошо намуданд.
Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа иброз дошт, ки ин раванд на танҳо оғози кор дар самти нафту газ мебошад, балки як марҳилаи нави рушди иқтисодӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиии мамлакатамонро низ фаро мегирад.
«Аз соли 2024 инҷониб корҳои геологию геофизикӣ дар ҷанубу ғарби мамлакат оғоз гардид. Соли гузашта, корҳои магнито ва гравииктишофӣ дар масоҳати 15 400 километри мураббаъ ба маблағи умумии 7,4 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо муваффақият анҷом дода шуданд»,-афзуд вазир.
Иттилоъ дода шуд, ки марҳилаи нави корҳои сейсмоиктишофӣ бо усули 2D дар масоҳати 1017 километр гузаронида мешавад. Корҳои сейсмоиктишофӣ бо усули 2D имкон медиҳад, то нуқтаҳои пармакунии ояндадор бо асоснокии илмӣ муайян гардад.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон