Донишкадаи ҳуқуқи Сибир барои шаҳрвандони Тоҷикистон квотаи таҳсил ҷудо намуд

ДУШАНБЕ, 12.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Маркази барномаҳои байналмилалӣ дар зинаи бакалаврият аз рӯйи ихтисоси ҳуқуқшиносӣ қабули ҳуҷҷатҳоро ба Донишкадаи ҳуқуқи Сибири Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия оғоз намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин марказ.
Ҷавонони болаёқати тоҷик имкон доранд бо квотаи давлатӣ дар Донишкадаи ҳуқуқии Сибири Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия дар зинаи бакалаврият аз рӯйи ихтисоси ҳуқуқшиносӣ таҳсил намоянд.
Довталабоне, ки хоҳиши таҳсил аз рӯйи ихтисоси ҳуқуқ дар Федератсияи Русияро доранд ба Маркази барномаҳои байналмилалӣ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода 47 муроҷиат намоянд.
АКС аз манбаъҳои боз