Қурби асъор
Имрӯз 13 июл, тибқи муқарароти Бонки миллии Тоҷикистон арзиши евро дар бозори арзи кишвар ба 10, 5307 баробар аст.
Арзиши доллари амрикоӣ дар бозори арзи Тоҷикистон, 10,4898 муқаррар шудааст. Дар Тоҷикистон қурби доллар поинтар аз евро аст, дар ҳоле, ки қурби расмии ин ду арз дар бозорҳои арзи ҷаҳонӣ аз дирӯз баробар шудааст.
100 рубли русӣ 17 сомонӣ арзиш дорад.
*******
Нархи тилло
Қурби тилло дар биржаҳои Лондон асри дирӯз 11 июл 1728 доллару 49 сент барои як унс таин шуд.
******
Нархи нафти хом
Нархи миёнаи фурӯши ҳар бушка нафти хоми таҳвили моҳи оянда дар биржаҳои Inter Continental Exchange (ICE) — ICE Brent Crude Futures-и Лондон 99 доллару 22 сент муъомила шуд.
Нархи миёнаи ҳар бушка нафти хоми таҳвили моҳи оянда дар биржаҳои New York Mercantile Exchange (NYMEX) ва Light Sweet Crude Oil-и Нюйорк 95 доллару 83 сент муомила шуд.