«Ҳар яки мо барои таҳкими ваҳдати сартосарӣ вазифадорем», — бардошт аз конференсия дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб

ДУШАНБЕ, 13.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 13 июн дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ доир гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ иттилоъ доданд, дар конференсия устодон, донишҷӯён, аҳли илму фарҳанг ва фаъолони шаҳр иштирок намуда, оид ба аҳамияти сарнавиштсози Ваҳдати миллӣ дар рушди мамлакат изҳори андеша намуданд. Аз ҷумла, иброз гардид, ки Ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик бозёфти арзишмандтарин ба ҳисоб рафта, барои амалӣ гардидани ормонҳои халқи тоҷик заминаи воқеӣ гузошт.
Дар ҷамъомад ҳамчунин таъкид гардид, ки 28 сол аст, ки бо шарофати Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон корҳои бузурги созандагию бунёдкорӣ ба анҷом расиданд ва мо бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо расем.
«Ваҳдати миллӣ беҳтарин неъмат, осоишу ободӣ, фарзонагӣ, амну субот, меҳру садоқат, таҳкими давлат, наҷоту ҳастии миллат буда, ҳар як тоҷикистонӣ вазифадор аст, ки барои таҳкими сулҳи бебозгашт ва ваҳдати сартосарӣ талош намояд»,- иброз гардид дар конференсия.
АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ