14 июня, 2025
# Tags
#ХОВАР

Дар Душанбе самтҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи моликияти зеҳнӣ баррасӣ шуд






ДУШАНБЕ, 14.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. 13 июн директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои  Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Исмоилзода бо Комиссари  (Роҳбари) Раёсати миллии моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Мардумии Чин Шен Ченю мулоқот намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» хабар доданд, дар вохӯрӣ ҷонибҳо муносибати дуҷонибаро дар соҳаи моликияти зеҳнӣ, аз ҷумла ҳамкорӣ дар самти баргузории чорабиниҳо, таҳкими табодули таҷриба дар соҳаи технологияҳои нав, аз қабили зеҳни сунъӣ, омодасозии мутахассисон, тиҷоратикунонии моликияти зеҳнӣ, рақамикунонии соҳа ва дигар бахшҳо мавриди муҳокима қарор доданд.

Ҳамзамон муносибатҳои кориро дар доираи ташаббуси «Камарбанд ва роҳ» ва муколамаи «Осиёи Марказӣ-Чин» ва Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкории дуҷониба баррасӣ намуданд.

Комиссари (Роҳбари) Раёсати миллии моликияти зеҳнии Хитой Шен Ченю ба сатҳи баланд баромадани ҳамкориро дар соҳаи моликияти зеҳнӣ байни ду давлат тасдиқ намуд.

Меҳмонон аз Китобхонаи давлатии  патентию техникии Муассиса дидан намуданд.

АКС: Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»

 



Манбаъ

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *