15 июня, 2025
# Tags
#ХОВАР

Дар шаҳри Гулистон ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ қадрдонӣ карда шуданд






ДУШАНБЕ, 14.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Кохи фарҳанги «Истиқлол»-и шаҳри Гулистони вилояти Суғд маросими ҷоизасупории ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон хабар доданд.

Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода изҳор намуд, ки таҳти сиёсати хирадмандонаву маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳукумати мамлакат ба соҳаи илму маориф таваҷҷуҳи хоса дошта, дастовардҳои назарраси хонандагони мо дар олимпиадаҳои байналмилалӣ натиҷаи он аст.

Иттилоъ дода шуд, ки хонандагони шаҳр дар Олимпиадаи байналмилалии «Ҳоризон-2025» аз фанни математика соҳиби 8 медали тилло, 17 медали нуқра ва 24 медали биринҷӣ ва дар Олимпиадаи байналмиллалии «Айкио-2025»-и Қазоқистон – аз фанни забони англисӣ ва математика соҳиби 5 медали тилло гардиданд.

Инчунин дар соли хониши 2024-2025 хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Гулистон дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ – соҳиби 8 медали биринҷӣ ва як медали нуқра, даври ҷумҳуриявии Олимпиадаи шоҳмот як ҷойи якум ва дар Олимпиадаи байналмилалии «Брейнингз» соҳиби 1 медали нуқра ва 3 медали биринҷӣ шуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон



Манбаъ

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *