Рубрики Хабарҳо

Хадамоти алоқа гуфт интернет арзон мешавад, аммо нагуфт кай

Дар Тоҷикистон бо таъсиси як ситоди доимӣ имкони коҳиши тарофаҳо ва баланд бардоштани суръати интернетро баррасӣ мекунанд. Дар ин бора Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар нишасти хабарии имрӯз, 30 январ дар Душанбе изҳор дошт.

Атоев гуфт, аз ҳисоби мутахассисон ва муҳандисони соҳа ситоди доимии оперативӣ таъсис дода шуд. мо ба харидани стансияҳои базавӣ шурӯъ кардем. Ҳамагӣ 450 ҳамин гуна база харида мешавад. Дар мавриди тарофаҳои интернет мо ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ номаи дахлдор ирсол кардем.

Ба гуфтаи Атоев, қимати интернет коҳиш хоҳад ёфт, аммо дар бораи замони он чизе нагуфт. Қаблан раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ҳукумат супориш дода буд, қимати интернет поин бурда шуда, сифаташ беҳтар гардад. 

Чанд соли охир ин гуна фармонҳои Раҳмон асосан барои “публика” садо медиҳанд ва аслан иҷро намешаванд. Озирин мисолаш ҳам фармони ӯ дар бораи бардоштани “лимит”-и барқрасонӣ буд, ки ҳамагӣ 5 рӯз кор кард ва “лимит” дубора ҷорӣ шуд.

Тибқи иттилои Хадамоти алоқа, шумори корбарони интернет дар кишвар 4,5 миллион нафарро ташкил медиҳад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *