Рубрики Хабарҳо

Эрон: Коҳиши тавлиди нафт бидуни ҳамроҳии Амрико ва Канада мумкин нест

Нигоҳҳо мутаваҷҷеҳи конфронси “Опек плюс» аст. Конфронс дар ҷустуҷӯи роҳҳал барои буҳрони саросарии энерҷӣ дар ҷаҳон ва сукути баҳои нафти хом. Вазири нафти Эрон бо ирсоли номае ба Опек бар зарурати натиҷабахш будани ин иҷлос таъкид кардааст. 

Хабаргузории Рейтерз ба нусхае аз номаи Бежан Номдор Зангина, вазири нафти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба кишварҳои узви Опек даст ёфтааст. Вазири нафти Эрон дар ин нома таъкид карда, ки ҳаргоҳ иҷлоси “Опек плюс» натавонад роҳҳали амалӣ барои буҳрони ҳоким бар бозорҳои ҷаҳонии энерҷӣ биёбад, хатари коҳиши бештари баҳои нафт истисно нахоҳад буд. 

Хабаргузори Рейтерз рӯзи чаҳоршанбе ҳаштуми апрел бо интишори гузорише аз Дубай, ба мазмуни номаи Бежан Номдор Зангина пардохтааст. 

Мавзӯъ бар сари иҷлоси “Опек плюс” дар имрӯз, панҷшанбе нӯҳуми апрел аст. Иҷлосе, ки бо ибҳомоти бисёре рӯ ба рӯ аст. Пеш аз ин қарор буд, ки ин иҷлос рӯзи душанбе шашуми апрел баргузор шавад. Қароре, ки ба таъвиқ афтод. 

Бежан Номдор Зангина эълом кардааст, ки Эрон бо ҳар нишасте, ки фоқиди як барномаи мушаххас ва равшан дар бораи вазъияти бозори энерҷӣ бошад, мухолиф аст. Ба бовари вазири нафти Ҷумҳурии Исломии Эрон, набуди тарҳи мушаххас барои миҳори буҳрони ҳоким бар бозорҳои энерҷӣ боиси шикасти чунин нишастҳои хоҳад шуд. 

Зангина таъкид кардааст, ки дар чунин ҳолате, эҳтимоли суқути бештари баҳои нафти хом вуҷуд дорад. Ў гуфтааст, ки ибҳомоти мавҷуд бар сари роҳи нишасти кишварҳои узв ва ғайри аъзои Опек боиси нигаронии ӯ мешавад. Зангина номаи худро рӯзи сешанбе ҳафтуми апрел хитоб ба вазири нафти Алҷазоир, ки риёсати навбатии Опекро бар уҳда дорад, навиштааст. 

Тақсими саҳмияи тавлид 

Доналд Трамп ҳафтаи гузашта эълом карда буд, ки Арабистони саудӣ ва ҳамчунин Русия бо коҳиши тавлид ба мизон 10 то 15 миллион бушка дар рӯз мувофиқат кардаанд. Раисҷумҳури Амрико аммо тавзеҳе дар бораи чи гунагии иҷрои чунин тавофуқе ироа накарда буд. 

Мизони тақозои рӯзона барои нафти хом дар сояи буҳрони бархоста аз шуйӯъи коруно ҳудуди 30 миллион бушка дар рӯз коҳиш ёфтааст. 

Ҳамин мавзӯъ боиси суқути баҳои нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ гашт. Баҳои ҳар бушкаи нафти Бренти Баҳри шимолӣ, ки дар авоили соли ҷорӣ ҳудуди 66 доллар буд, дар асари ин буҳрон ба камтар аз 25 доллар расид. 

Изҳороти Трамп боиси афзоиши мухтасари баҳои нафт шуд. Аммо мавзӯъ бар сари мизони коҳиши арзаи нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ аст. 

Бежан Зангина дар номаи худ таъкид кардааст, ки коҳиши тавлид ва арзаи нафт бояд ба таври ҷаҳонӣ ва аз сӯи ҳама тавлидкунандагони нафт сурат гирад. 

Вазири нафти Эрон гуфтааст, ки чунин амре танҳо замоне мумкин аст, ки Амрико ва Канада низ аз мизони тавлиди нафти худ бикоҳанд. 

Арабистон ва Русия низ пештар ба зарурати ҳамроҳии ҳама тавлидкунандагони нафт дар ҷаҳон барои миҳори буҳрони ҳоким бар бозори энерҷӣ таъкид карда буданд. 

Нишасти пешини Русия ва Арабистон бар сари коҳиши тавлиди нафти “Опек плюс” бидуни муваффақият поён ёфта буд. Арабистон пас аз он иқдом ба афзоиши тавлиди нафти хоми худ кард ва коҳиши бештари баҳои нафти хомро сабаб шуд. 

Вазорати энерҷии Амрико эълом кардааст, ки бидуни дахолати давлати Амрико, мизони тавлиди нафти ин кишвар коҳиш ёфтааст. Аммо он чи Эрон ва кишварҳои Русия ва Арабистон хостори он ҳастанд, таъйини дақиқи мизони коҳиши тавлид аз сӯи ҳама кишварҳои тавлидкунандааст. 

Лозим ба ёдоварӣ аст, ки коҳиши тавлиди нафт шомили ҳоли Эрон намешавад. Тавлиди нафти Эрон ба иллати таҳримҳои ин кишвар аз сӯи Амрико ба шиддат коҳиш ёфтааст. 

Баҳои нафти Брент дар бозорҳои ҷаҳонӣ рӯзи гузашта 75 сент афзоиш ёфт ва ба беш аз 32 доллар барои ҳар бушка расид. Баҳои нафти WTI низ бо рушди панҷ дарсадӣ ба ҳудуди 25 доллар барои ҳар бушка афзоиш ёфт.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *