Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии донори хун дар Тоҷикистон маъракаи хунсупорӣ гузаронида шуд

ДУШАНБЕ, 14.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии донори хун дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии хун”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи хунсупории шаҳрвандон доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ “Ховар” аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода дар маркази мазкур бо шароиту имконияти муассиса ва омодагии он барои баргузории маъракаи хунсупории шаҳрвандон шинос шуд.
Ба иттилои масъулин, дар маркази мазкур барои дар сатҳи зарурӣ ташкил ва баргузор намудани ин чорабинӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, барои хунсупории шаҳрвандон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Шаҳрвандони зиёде ба Маркази ҷумҳуриявии илмии хун омада, бо мақсади боз ҳам беҳтар кардани вазъи солимии худ ва саҳм гузоштан дар таъмини солимии беморону эҳтиёҷмандон дар ин маърака иштирок ва хун супориданд.
Мутахассисони соҳа иброз медоранд, ки дар организми ҳар шахси хунсупоранда бунёди ҳуҷайраҳои нави хун ба вуҷуд меоянд ва онҳо ба саломатии инсон фоиданок мебошанд. Ҳамчунин хунсупорӣ бемориҳои сироятӣ, ишемикии дил, инсулт, ғафс шудани хун ва дигар бемориҳоро пешгирӣ менамояд.
Бояд тазаккур дод, ки чунин чорабиниҳо дар Маркази ҷумҳуриявии илмии хун ва филиалҳои он дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Хоруғ ва дар ноҳияи Рашт низ гузаронида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки шуруъ аз соли 2005 14 июн ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии донори хун муайян карда шудааст. Мақсад аз ин рӯз ҷалби таваҷҷуҳи сокинон ба муҳимияти супоридани хун, тозагии он ва ҳамчунин ибрози сипос ба донорон мебошад.
Бахшида ба ин рӯз ҳамасола дар Тоҷикистон тадбирҳои гуногун андешида мешаванд.