Рубрики Хабарҳо

Таваррум дар 7 моҳ ба 4,9% расид

Таваррум (инфлятсия) дар Тоҷикистон дар ҳафт моҳи солӣ ҷорӣ ба 4,9% расид. Танҳо дар моҳи июл ин нишондиҳанда ба 0,9% баробар буд.

Тибқи иттилоъи Агентии омори назди раисҷумҳур, дар ин муддат қимати маҳсулоти хӯрокворӣ ва ғайрихӯрокӣ, ҳамчунин хедматрсониҳои пулакӣ ба мардум боло рафтанд. 

Агентӣ иттилоъ медиҳад, ки таварруми солона (аз июли 2018 то июли 2019) ба 8,4% баробар буд.

Ҳукумати Тоҷикистон нақша дорад соли ҷорӣ таваррумро дар сатҳи 7% нигоҳ дорад. Соли гузашта тибқи омор таваррум 5,4%-ро ташкил дода буд

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *