Пахши ин шабакаи чинӣ дар фриконси 94.00 FM роҳандозӣ шудааст. Шабакаи родиёии чинӣ дар тамоми қаламрави ноҳияи Ҳисор дастрас аст.
Дар ин бора Паём аз наворе иттило ёфт, ки Ҷамолиддин Нуралиев, ноиби аввали раиси Бонки Миллӣ ва домоди раисҷумҳури Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев дар саҳифаи фейсбукии худ нашр кардаст.
Дар як садои пасикадрӣ худи Нуралиев аз ин ки дар Ҳисор мавҷи радиои чинӣ пахш мешавад, изҳори ҳайрат мекунад. “Радиои хитоӣ дар роҳи Ҳисор, ҳа-ҳа-ҳа” — шунида мешавад садои Нуралиев.
Гуфтанист, ки тибқи Қарор оиди хусусиятҳои иҷозадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият, ки ҳукумати Тоҷикистон тасвиб кардааст, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бе шаҳрвандӣ наметавонанд иҷозаи фаъолият дар соҳаи пахши радиову телевизион дарёфт кунанд. Ҳамчунин додани иҷозатнома ба ширкатҳои телерадиоӣ, ки муассисашон хориҷӣ ё нафари бе шаҳрвандӣ аст, манъ мебошад.
Паём маълум кард, барои дарёфти фриконс ба шабакаи радиоӣ аз Хадамоти алоқа, бояд аз Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Кумитаи радио ва телевизион иҷозатнома гирифт.
Имкон дорад, шаҳрвандони Чин, ки дар ин ноҳия кор мекунанд, мавҷ раисони қавие дар макони будубошашон насб кардаанд ва мавҷи радиоро пахш мекунанд. Аммо қавитарин мавҷрасон ҳам бидуни дарёфти фриконс наметавонад кор кунад.
Дар ҳамин ҳол, Хадамоти алоқа аз пахши радиои чинӣ дар Ҳисор хабар дорад. Тибқи иттилои манбаи Паём, Бег Сабурӣ ба кормандонаш иҷозаи масдуд кардани радиои чиниро намедиҳад. Метавон хулоса гирифт, ки Хадамоти алоқа бидуни иҷозаи ду ниҳоди дигар ба пахши радиои чинӣ роҳ кушодааст ва аз ин кор фоида мегирад.