ДУШАНБЕ, 16.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар соҳаи сармоягузорӣ дар мулоқоти Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эрлан Абдилдаев дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амвои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки мусоҳибон ҳамзамон имкони баргузории Форуми сармоягузории Тоҷикистону Қирғизистонро дар ояндаи наздик муҳокима намуданд.
Ҷонибҳо инчунин дигар самтҳои ҳамкории мутақобиларо байни ду давлати ҳамсоя баррасӣ намуданд.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон