Categories Хабарҳо

Блумберг: Эрон ураниуми 84%-ӣ, яъне бисёр наздик ба сохти силоҳи атомӣ тавлид кардааст

Сайти Блумберг дар гузорише ба нақл аз ду дипломати аршад эълом кард, ки бозрасони байналмилалии Созмони энержии атомӣ ҳафтаи гузашта ураниуми ғанӣ шуда бо хулуси 84 дарсадро дар Эрон шиносоӣ кардаанд. Ин мизони хулус каме камтар аз хулуси мавриди ниёз барои сохти силоҳи ҳастаӣ аст. 

Тибқи ин гузориш, фаъолиятҳои атомии ғайриконтрол шудаи Эрон мумкин аст боиси эҷоди як буҳрони ҷадид шавад. 

Блумберг мегӯяд, ки Ожонси байналмилалии энержии атомӣ дар талош аст то дарёбад, ки Эрон чи гуна урониуми ғанишударо бо хулуси 84 дарсад захира кардааст. Ин болотарин сатҳе аст, ки бозрасон дар Эрон пайдо кардаанд ва танҳо шаш дарсад камтар аз мизони хулуси мавриди ниёз барои як силоҳи ҳастаӣ аст. Эрон пеш аз ин ба ожонс гуфта буд, ки сентрифугаҳояш барои ғанисозии ураниум то сатҳи 60 дарсад муносибсозӣ шудааст. 

Бозрасон бояд таъйин кунанд, ки оё Эрон қасдан ураниуми бо ин холисро тавлид кардааст ё ин ки ғалзати он ҳосили таҷаммӯъи нохоста дар шабакаи лӯлаҳое аст, ки садҳо сентрифуги пурсураъти мавриди истифода барои ҷудосозии изотопҳоро ба ҳам муттасил мекунад. 

Яке аз дипломатҳо мегӯяд, ки ҳатто агар мушаххас шавад ин мизони холиси ураниум ба иштибоҳ дар асари мушкилоти фаннӣ дар амалкарди обшорҳои сентрифуг анбошта шуда бошад, бо ин ҳол ин мавзӯъ хатари тасмими Эрон барои тавлиди урани бисёр ғанишударо нишон медиҳад. Дипломати дигар ба Блумберг гуфтааст, ки Эрон фермаҳои лозим дар бораи қасди худ барои афзоиши сатҳи ғанисозии ураниум дар таъсисоти Фароянд ё Натанзро ироа накардааст. 

Ин дувумин бор дар моҳи ҷорӣ аст, ки нозирон фаъолиятҳои машкуки муртабит бо ғанисозиро дар Эрон шиносоӣ мекунанд. Ожонс пештар аз Эрон ба далели эҷоди тағйироти эъломнашуда дар иттисоли ду маҷмӯа аз сентрифугҳои ғанисозии 60 дарсадӣ дар таъсисоти ҳастаии Фароянд интиқод карда буд. 

Тибқи гузориши Блумберг, Ожонси байналмилалии энержии атомӣ дар ҳоли омода кардани гузориши семоҳа марбут ба барномаи ҳастаии Эрон то қабл аз нишасти авоили моҳи март Шӯрои ҳукком дар Вена аст. 

Ин иттифоқ дар ҳоле рух медиҳад, ки Эрон аз сӯи Ғарб инзифо шудааст ва музокироти ҳастаӣ ба ҳолати таълиқ даромадааст. 

Ин кишвар ба далели саркӯби эътирозоти ахир аз сӯи Иёлоти муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо таҳрим шудааст. 

Вокуниши Эрон: то кунун ғанисозии болои 60 дарсад накардаем 

Бо ин ҳол Беҳрӯз Камолвандӣ, сухангӯи Созмони энержии атомӣ дар вокуниш ба ин гузориш гуфт: “матолиби мунташиршуда дар Блумберг бо ҳадафи сиёҳнамоӣ ва таҳрифи ҳақоиқ сурат гирифтааст.” 

Вай афзуд: “вуҷуди зарра ё зарроти болотар аз 60 дарсад дар фароянди ғанисозӣ ба маънии тавлид бо ғинои болои 60 дарсад нест.” 

Вай таъкид кард, ки “то кунун кӯшиш ба ғанисозии болои 60 дарсад накардаем.” 

Ин мақоми эронӣ дар поён гуфт: “он чи ожонс бо Эрон матраҳ карда дар хусуси вуҷуди зарра ё зарроте (particale) аз ураниум бо ғинои болои 60 дарсад дар маҳалли бардошти маҳсул аз тариқи намунабардории умумӣ аст.” 

Гуфтугӯи телефонии Жозеп Боррел ва Ҳусайн Амир Абдоллоҳиён 

Ҳамзамон Жозеп Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо рӯзи якшанбе дар твитте гуфт, ки бо Ҳусайн Амир Абдуллоҳиён вазири умури хориҷаи Эрон гуфтугӯ кардааст. Вай дар ин твият навишт, ки бор дигар бар мавзеъи Иттиҳодияи Аврупо дар бораи рафтори Эрон таъкид кардааст. Вай дар тавзеҳи ин мавзӯъ навиштааст, ки бояд нақзи ҳуқуқи башар ва ҳимоят аз ҷанги таҷовузкоронаи Русия ва боздошти бедалели шаҳрвандони Иттиҳодияи Аврупо мутаваққиф шавад. 

Вай ҳамчунин таъкид кард, ки Эрон бояд фавран бо Ожанси байналмилалии энергии атомӣ ҳамкорӣ кунад. 

Бо ин ҳол Ҳусайн Амир Абдоллоҳиён низ бо интишори твитте гуфт, ки бо масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дар мавриди тавофуқ барои рафъи таҳримҳо, ҳамкории Эрон ва Ожанси байналмилалии энержии атомӣ ва таҳаввулоти Укроин музокира кардааст.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *