Рубрики Хабарҳо

Бонки Миллӣ қурби долларро расман боло бурд

Аз паи болоравии қурби доллари нақд бар бонкҳои кишвар ва бозори сиёҳ, Бонки Миллии Тоҷикистон ҳам субҳи имрӯз қурюи расмии доллари ИМА-ро 25 дирам боло бурд.

Дирӯз, 11 июл  қурби расмии доллар нисбат ба сомониро Бонки Миллӣ 9,1752 муайян карда буд, аммо имрӯз дар сомонаи танзимкунандаи бозори пулии кишвар қурби расмӣ 9,4200 муайян шудааст.

Субҳи дирӯз қурби доллар дар бонкҳои кишвар ва бозори сиёҳ якбора боло рафт ва 9,43 сомонӣ барои як доллар фурӯхта мешуд. Дар бозори сиёҳ нархи фурӯши доллар то 9,6 боло рафт. Аз ҷумла дар бозорҳои сиёҳи Хуҷанду Истаравшан ҳар доллар мутаносибан 9,56 ва 9,61 сомонӣ қурб дошт.

Бонки Миллӣ ҷаҳиши якбораи қурби асъорро ба таъодули манфии тиҷорати хориҷӣ вобаста медонад, аммо коршиносон мегӯянд таъодули манфӣ ҳамеша вуҷуд дошт ва чанд саббаи дигар пеш меоранд.

Аз ҷумла бароварда нашудани интизории мақомот аз воридоти пули муҳоҷирин, фарорасии замони пардохти қисме аз қарзҳои хориҷӣ, ҷорӣ шудани маҳдудият аз тдаи аслии Тоҷиқистон — Чин, муяссар нашудани дарёфти қарзи нав ва ғайра.    

 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *