Маркази иттилоърасонӣ ва иртибототи фармондеҳи нерӯи интизомии Эрон тайи иттилоияе эълом кард, ки дар пайи ҳамлаи мусаллаҳонаи шаби гузашта гурӯҳе аз афрод барои вуруд ба кишвар аз тариқи марзи шаҳри Саривон дар устон Систон ва Балучистон 5 марзбон ҷони худро аз даст доданд.
Дар ин иттилоия омадааст, ки ин иқдом ҳатман бепосух нахоҳад монд.
Гуфтанист ҷонишини фармондеҳи интизомии Эрон ба ҳамроҳи фармондеҳи марзбонии Фароҷо барои баррасии мавзӯъ пеш дар минтақаи даргирӣ ҳузур пайдо карданд.