ДУШАНБЕ, 17.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. 16 июн Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Салоҳиддин Киром бо муовини Губернатори вилояти Чунчонбукдои Ҷумҳурии Корея Ким Су-мин вохӯрӣ намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея хабар доданд, ҷонибҳо атрофи масоили танзими ҳамкории дуҷониба дар самтҳои гуногун мубодилаи афкор намуданд.
Ҳамзамон Сафири Тоҷикистон бо фаъолияти «Технопарки Ҷунбук – Маркази энергияи насли оянда» шинос гардид. Дар ин ҷо ширкатҳои кореягӣ, ки дар соҳаи истеҳсоли энергияи барқароршаванда фаъолият доранд, зарфиятҳои истеҳсолии худиро муаррифӣ намуда, омодагии худро барои ҳамкорӣ изҳор карданд.
Ҳамчунин ба ҳозирин имкониятҳои васеи Тоҷикистон барои ҳамкорӣ дар соҳаҳои таъкидшуда муаррифӣ гардиданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея