Аз қатъи интернет дар соли 2022 ба Тоҷикистон 2 млн доллар зарар расидааст. Дар рӯйхати 23 кишваре, ки аз қатъи Интернет бештар зарар дидаанд, Тоҷикистон дар зинаи 19-ум қарор дорад.
Бино ба маълумоти , ба сурати умум, қатъкуниҳо дар Тоҷикистон 936 соат (39 шабонарӯз)-ро ташкил дода, аз ин кор ба зиёда аз 78 ҳазор нафар сокинони кишвар зарар расидааст.
Дар ин шохис (индекс)-и солона ҳамаи ҳолатҳои назарраси дидаву дониста қатъкунии дастрасӣ ба интернет дар соли 2022 мавриди таҳлил қарор гирифта, нишон дода мешавад, ки аз ин ба иқтисод чӣ қадар зарар расонида шудааст.
Аз қатъкунии дастрасӣ ба интернет дар соли 2022 ба иқтисоди ҷаҳон дар маҷмӯъ 23 миллиарду 790 миллион доллар зарар расидааст, ки 323% зиёдтар нисбат ба соли 2021 аст.
Тибқи маълумот, дар давоми соли 2022 дар 23 кишвар 114 ҳолати дидаву дониста қатъкунии назарраси дастрасӣ ба интернет сурат гирифтааст. Аз ҳама бештар қатъкунии дастрасӣ ба Twitter — дар муддати 21 650 соат ба амал омадааст. Ин нишондиҳанда дар муқоиса бо Instagram 56% ва нисбат ба Facebook — 64% зиёдтар аст.