Арзиши рубли Русия муқобили ҳар доллари Амрико рӯзи сешанбе бо афзоиши 3.6 дарсади ба 70.84 расид, ки болотарин сатҳ дар панҷ рӯзи гузашта ба шумор меравад. Дар Тоҷикистон ҳам он то 0,1445 сомони барои ҳар рубл поин омад.
Заъиф шудани рубли Русия дар баробари арзҳои дигар пас аз иҷроӣ шудани таҳрими маҳмулаҳои баҳрии нафти Русия ва ҳамчунин эълони сақфи қимати 60 долларӣ бар он аз сӯи Иттиҳодияи Аврупо ва муттаҳидони ин иттиҳодия дар гурӯҳи кишварҳои узви Гурӯҳи ҳафт оғоз шуд.
Дар ҳоле, ки ҳар доллари Амрико рӯзи ҷумъа дар муқобили 68.25 рубли Русия муомила мешуд, ин қимат рӯзи сешанбе то 70.84 рубл боло рафт.
Иҷрои тарҳи ҷорисозии сақфи қиматӣ барои содироти баҳрии нафти хоми Русия аз рӯзи 5 декабр оғоз шудааст. Дар ин рӯз ҳар доллари Амрико муқобили 60.55 рубли Русия муомила мешуд ва сомонӣ нисбати он 0,1615 арзиш дошт.
Ин арзиш то рӯзи сешанбе (27 декабр) 17 дарсад афзоиш ёфт.
Дар шароите, ки таҳлилгарони ғарбӣ бар ин боваранд бо таъсиргузории бештари таҳримҳои Ғарб бар иқтисоди Русия, рубл ҳамчунон рӯ ба поин хоҳад буд, дар муқобил, мақомҳои русӣ таъкид доранд, ки бо коҳиши содирот ва даромади ин кишвар, коҳиши арзиши рубл бо афзоиши воридот монеъ аз осеб дидани бештари иқтисоди Русия мешавад.
Дар ҳамин ҳол бештарин зарба аз беқурбшавии рублро хонаводаҳо дар Тоҷикистон мехӯранд. Аксари кулли хонаводаҳои Тоҷикистон бо пулҳое зиндагӣ ба сар мебаранд, ки муҳоҷирони корӣ аз Русия интиқол медиҳанд ва поин омадани арзиши рубл ба маънии поин омадани сатҳи зиндагии онҳост.
Яъне мешавад гуфт, ки дар ду ҳафтаи гузашта сатҳи зиндагӣ дар бештари хонаводаҳои кишвар 17 дарсад поинтар шудааст.