Ҳудуди 200 муҳоҷири тоҷик шаби гузашта аз фурӯдгоҳи Дододедовои Маскав берун карда шуданд ва онҳо намедонанд куҷо раванд.
Тибқи иттилоъи рӯзноманигор Галия Ибрагимова, ки қазияи муҳоҷирон дармондар дар фурӯдгоҳҳоро пайгирӣ мекард, соати 3-и шаби гузашта муҳоҷирони тоҷик ба ӯ занг зада хабр додаанд, ки онҳоро аз бинои фурӯдгоҳ рондаанд.
“Моро аз фурӯдгоҳ ронданд. Кормандони расмипӯш омада пурсиданд, ки чанд нафарем ва гуфтанд ҳамаро ҷамъ кунем. Ваъда карданд, ки имшаб парвоз мекунем. Мо ҳамаро ҷамъ кардем. Қариб 300 нафар” — гуфтааст муҳоҷири тоҷик Фаррух.
Гуфта мешавад 200 нафари онҳоро тоҷикон ташкил медиҳанд.
“Вақте ҳамаамон ҷамъ шудем, моро ба кӯча партофтанд. Шабона. Хунук. Гуфтанд ки дар фурӯдгоҳ истодан мумкин нест. Ва ронданд. Ҳоло мардум дар кӯчаанд. Намедонем чӣ кор кунем” — навиштааст аз забони Фаррух хонум Ибрагимова.
“Мо мисли асб дар Русия заҳмат мекашем. Рӯзҳои истироҳат ҳам кам дорем. Аммо ҳоло мо ба касе лозим нестем. Моро чун бори нолозим ба кӯча партофтанд. Чаро чунин аст? Кӯмак кунед!” — гуфтааст муҳоҷири тоҷик.
Рӯзноманигор ин навори фиристодаи Фаррухро низ нашр кардааст:
Мақомоти расмии Тоҷикистон то ҳанӯз ҳеҷ вокунише ба дар кӯча мондани шаҳрвандонаш накардааст.