Раисҷумҳури Амрико эълом кард, ки пештар фикр мекардам, ки музокира бо Толибон метавонад натоиҷи хубе дошта бошад.
Доналд Трамп раисҷумҳур Амрико дар бораи таълиқи музокирот бо гурӯҳи Толибон дар твиттери худ изҳор дошт: Фикр мекардам, ки гуфтугӯҳо натоиҷи хубе хоҳад дошт аммо бо вазъияти феълӣ тасмим ба таваққуфи он гирифтем.
Вай афзуд:”Мо ба унвони полис дар Афғонистон хидмат кардаем, аммо ин ба маънои вазифаи сарбозони бузурги мо нест. Дар чаҳор рӯзи гузашта, душманони худро ба шадидтарин наҳв тайи даҳ соли гузашта ҳадаф қарор додаем”.
Трамп дирӯз гуфта, ки ба далели ҳамлаи террористӣ дар Кобул, ки мунҷар ба марги 12 тан аз ҷумла як сарбози амрикоӣ шуд, музокирот бо Толибонро мутаваққиф кардааст.
ِِِВай ҳамчунин аз лағви дидори пинҳонӣ бо Ашраф Ғанӣ раисҷумҳури Афғонистон ва ҳамчунин бархе раҳбарони Толибон, ки қарор буд дирӯз дар Кемп Девид баргузор шавад, хабар дод