Categories Хабарҳо

Халифаеви 20 сола қаҳрамони Русия оид ба дзюдо шуд

Дирӯз 6 сентябр дар мусобиқоти умумирусиягӣ оид ба дзюдо дар шаҳри Назрани ҷумҳурии Ингушетиё, варзишгари тоҷик  Мулораҷаб Халифаев, ки вилояти Свердловро намояндагӣ мекунад, медали тилло ба даст овард. 

Халифаев, ки дар вазни 66 кг баромда мекунад, ба ба тамоми ҳарифонаш дастболо шуда, дар финал бо варзишгари ингуш Исмоил Часигов пирӯз шуд ва унвони қаҳрамонии Русия оид ба дзюдоро ба даст овард. 

Бори аввал нест, ки Мулораҷаби 20-сола дар мусобиқоти калон дар Русия ҷои намоёнро ишғол менамояд. 25 маи соли ҷорӣ ӯ дар мусобиқаи округӣ дар шаҳри Тюмень ҷои аввалро ишғол карда буд.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *