Categories ХОВАР

Варзишгардухтарони тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гимнастикаи бадеӣ 15 медал ба даст оварданд






ДУШАНБЕ, 18.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Варзишгардухтарони тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гимнастикаи бадеӣ иштирок намуда, сазовори 12 медали тилло, 2 медали нуқра ва 1 биринҷӣ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Муасисаи давлатии «Мактаби махсуси варзишии захираҳои Олимпии рақами 1»-и шаҳри Душанбе хабар доданд.

Мусобиқа 14 — 15 июн дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардида, дар он дастпарварони Муасисаи давлатии “Мактаби махсуси варзишии захираҳои Олимпии рақами 1”-и шаҳри Душанбе оид ба гимнастикаи бадеӣ иштирок намуданд.

Дар ин мусобиқа аз ҳашт давлати дунё — Тоҷикистон, Русия, Узбекистон, Қазоқистон, Ҷопон, Озарбойҷон, Тайланд ва Сингапур истеъдодҳои наврасу ҷавони гимнастикаи бадеӣ ҳунарнамоӣ карданд. Дар ин мусобиқа варзишгарони тоҷик таҳти роҳбарии сармурабии Федератсияи гимнастикаи бадеии Тоҷикистон Миҷгона Шарифова иштирок намуданд.

АКС: Муасисаи давлатии «Мактаби махсуси варзишии захираҳои Олимпии рақами 1»-и шаҳри Душанбе



Манбаъ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *