Ба қавли муфаттишони Кумитаи амнияти миллӣ ин афрод дар байни мардуми маҳалаашон ақидаҳои ҷараёни Салафия, яке аз равияҳои тундгарои дини исломро тарғиб мекарданд, ки Додгоҳи олии Тоҷикистон онро мамнӯъ эълон кардааст.
Чанде аз хешовандони маҳкумшудагон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар муҳокима дар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки рӯзи 17-уми июн сурат гирифт, додрас 5 нафарро ба ифротгароӣ, таъсиси созмони ифротгаро ва барангехтани адовати диниву мазҳабӣ гунаҳкор дониста, аз панҷ то ба панҷуним соли зиндон маҳкум кардааст.
Чаҳор нафари дигар ба қавли мусоҳиби дигари Радиои Озодӣ барои пинҳон доштани ҷиноят ва ё огаҳ накардани мақомоти интизомӣ аз ҷиноят ба 8 моҳи таҳаммул дар зиндон маҳкум шудаанд. Бисёре аз ин афрод, ки зодагони ҷамоати Язгулом ҳастанд, дар моҳи марти имсол дар маҳаллаи “Дарвоз” дар Душанбе дастгир шуданд.
Хешовандонашон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки гумонбарон ба ба ҷиноят иттиҳомотро рад карда, гуфтаанд, ки пайрави “Салафия” нестанд.
Хабар ба зудӣ такмил мешавад, аз ин рӯ бозгашт ба вебсайти Радиои Озодиро фаромӯш накунед.