ДУШАНБЕ, 19.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. То нимаи аввали моҳи июн дар мамлакат 40 225 тонна ангур ҷамъоварӣ гардидааст. Айни замон дар ноҳияҳои ҷануби мамлакат ҷамъоварии навъи ангури «ҳисории пешпазак» идома дорад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ҷумҳурӣ майдони боғу токзор 206 ҳазору 535 гектарро ташкил медиҳад, ки аз он 39 ҳазору 922 гектараш токзор аст.
Имрӯзҳо ангурпарварони мамлакат дар баробари ба бозори истеъмолӣ ба фурӯш баровардан, инчунин ба захира, содирот ва хушк намудани ангур машғул мебошанд.
Бо мақсади рушди соҳа «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва ситруспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029» қабул карда шудааст. Зимни амалӣ гардидани ин Барнома майдони токзор бештар мегардад.
Ин Барнома ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ, дастрасии корхонаҳои коркард ба ашёи хом, афзоиши иқтидори содиротӣ, коҳиш додани вобастагии бозори истеъмолӣ аз маҳсулоти воридотӣ нигаронида шудааст.
Мутахассисон иброз медоранд, ки ангури навъи «ҳисории пешпазак» қобиляти дурру дароз нигоҳ доштан надорад. Ин навъи ангур бо таъм ва шакли худ аз навъҳои дигари ангур фарқ мекунад.
Дар Тоҷикистон чунин навъҳои ангур бештар парвариш карда мешаванд: «пешпазак — чиллагии сафед, зарифӣ», «ҳисории пешпазак», «миёнапазак — кишмиши сиёҳ», «кишмиши хушрӯ», «кишмиши сафед», «ҳусайнии сафед», «қароҷанҷол», «султонӣ», «шакарангур», «анзоб», «миёнапазак — тоифии сурх», «нимранг», «шаробӣ — саперавӣ», «мускати сурх», «тавкверӣ», «тербаш», «тагобӣ», «морастел», «рислинг», «алиатико», «алиготе», «расмӣ», «кӯлҷонӣ», «пинос» ва ғайра.
Ангурро дар хонаҳои махсус барои зимистон ва баҳор низ нигаҳ медоранд. Дар деҳаҳои шимоли водии Ҳисор, ки мардумаш ба ангурпарварӣ шуғл доранд, ангурро дар моҳи октябр, пеш аз сардиҳо ҷамъоварӣ мекунанд. Дар ҳар ҳавлии боғдорон ҳуҷрае бо номи «ангурхона» мавҷуд аст, ки дар он хӯшаҳои ангурро ба торҳои аз шифт ба поён овезон мебанданд. Пеш аз он ки ангурро ба шифти хона овезанд, аввал дар Офтоб чанд соат мегузоранд, то думчаи тараш пажмурда шавад.
АКС: АМИТ «Ховар»