Рубрики Хабарҳо

Ҷавоне, ки барои ради хабаркашӣ ихроҷ шуда буд, боздошт шудааст

Иззатулло Ҳодиев, як ҷавони тоҷик, ки бинобар қабул накардани пешниҳоди мақомоти амниятии Русия оиди хабаркашӣ аз масоҷид ҳукми ихроҷ аз ин кишварро гирифта буд, боздошт шудааст.

Қаблан Паём.нет дар ин бора бо нақл аз Иззат Амон, раҳбари Созмони ҷавонони муҳоҷир дар Русия хабар дода буд. Ин субҳ Иззат Амон навиштааст, ки шаби гузашта чаҳор нафар бо либоси мулкӣ ба манзили истиқоматии Иззатулло Ҳодиев дар шаҳри Маскав рафта, ӯро бо худ бурдаанд. Кӣ будани боздошткунандагон ва ба куҷо бурда шудани Иззатуллоҳ то ҳол маълум нест. Боздошткунандагон зан ва се кӯдаки ӯро дар як утоқи хонааш маҳкам карда, тамоми телефонҳояшонро бо худ бурдаанд.

Раҳбари Созмони ҷавонони муҳоҷир аз сафорату консулгарии Тоҷикистон даъват кардааст қазияро пайгирӣ намоянд.

Чуноне ки қаблан иттило дода будем, мақомоти амниятии Русия аз Иззатулло даъват мекунанд бо онҳо ҳамкорӣ намуда, аз масоҷид барояшон хабар оварад. Иззатулло ин таклифи онҳоро бо сароҳат рад мекунад ва ӯро аз шаҳрвандии Русия маҳрум намуда, ҳукми ихроҷашро содир мекунанд.  

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *