Анҳела Меркел, конслери Олмон бори нахуст алайҳи либоси занони мусалмон садо баланд намуд.
Вай дар ҷаласаи ҳизби Иттиҳоди насрониву демократӣ гуфтааст, ки бояд то буди имкон чунин пӯшокҳоро дар ҳама ҷо маҳкум ва таъқиб бояд кард. “Ин либос аз мо нест”- гуфтааст садри аъзами Олмон. Ангела Меркел таъкид намудааст, ки дар Олмон одамон озодона ба ҳам мулоқот мекунанд ва ҳангоми ин сӯҳбатҳо рӯи худро кушод медоранд.
“Аз ин рӯ ба мо либосе нозим нест, ки тан ва рӯйро пурра бипӯшонад” -гуфтааст хонум Меркел. Дар ҷараёни ин иҷлосия конслери Олмон ишора намудааст, ки аз ин баъд бояд дар мактабу идораҳои давлатӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳузури духтарону бонувон бо сатри исломӣ мамнӯъ хоҳад гашт.
Таъкид мегардад, ки Олмон дар ин авохир аз шиддати зиёди муҳоҷирон, ки дар байнашон мусалмонон низ кам нестанд, азият мебинад ва коршиносон инро натиҷаи сиёсати Меркел медонанд.
Дар Олмон баъд аз як сол интихоботи палумон доир хоҳад гашт ва гуфта мешавад, ки партияи Меркел ба мушкил дучор хоҳад шуд. Аммо Алгела Меркел маҷбур гаштааст, ки дар ин авохир сиёсаташро дар робита ба муҳоҷирон ва хоса дини ислому сатри исломӣ дигар бикунад ва бо ин роҳ дили раъйдиҳандагони худро дар кишвар дубора нарм созад.
Имрӯз сиёсатмадорони Аврупо барои обрӯ ёфтан дар байни халқи худ даст ба домони ислом мезананд ва коршиносон ҳушдор медиҳанд, ки онҳо беҳуда бо оташ бозӣ мекунанд.
Рубрики
Хабарҳо