Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи иди Фитрро эълон кард. Ин ид дар кишвар 15 июн таҷлил хоҳад шуд.
Гирифтани рӯза дар Тоҷикистонро рӯзи 17 май оғоз карда буданд. Ба ин тартиб, имсол дар кишвар 29 рӯз рӯза хоҳанд гирифт.
Тибқи эълони Шӯрои уламо намози ид соати 6-и субҳ баргузор хоҳад шуд.
Аксари кишварҳои мусалмоннишин оғози моҳи рамазон ва фарорасии идҳои исломиро бо дидани моҳи нав эълон мекунанд, вале дар Тоҷикистон ва чанд кишвари дигар онҳо ду ҳафта то як моҳ қабл эълон мешаванд.
Рӯзҳои иди Фитр ва иди Қурбон дар Тоҷикистон расман истироҳат эълон шудаанд. Вале соли гузашта мақомот кормандони давлатиро маҷбур карданд дар рӯзҳои ин ду ид ба кор бароянд.