Дар гурӯҳи фейсбукии “Мо тоҷикистониён” наворе нашр шудааст, ки дар он мардум як ҷавонро аз чанги кормандони Вазорати дифоъ раҳо мекунанд.
Дар навор дида мешавад, чанд корманди Вазорати дифоъ дар либоси мулкӣ ҷавонеро дастгир карда ба даруни мошин кашида истодаанд. Чанд раҳгузар ба кӯмаки ҷавон шитофта ӯро аз мошин берун мекашанд.
Кормандони кадом идораи ҳарбӣ будани “облавачиҳо” маълум нест. Ҳамчунин маълум нест онҳо воқеъан кормандони Вазорати дифоъ ҳастанд ё бо супориши он ниҳод ҷавононро дастгир мекунанд.
Ронандаи мошине, ки ҷавонро мехоҳанд ба он савор кунанд, баъди дидани ин ки раҳгузарон одамрабоияшонро наворбардорӣ мекунанд, рақами давлатии мошинашро канда дохили мошин мегузорад. Аммо метавон мушоҳида кард, ки рақами мошин 3338ВЕ07 аст.
Дар ҳоли ҳозир, ки даъват ба сафи артиш идома дорад, наворҳои зиёди одамрабоӣ аз тарафи мақомоти Вазорати дифоъи кишвар расонаӣ мешаванд. Аммо ин аввалин навор аст, ки дар он дида мешавад мардум ба кӯмаки ҷавони дастгиршаванда шитофтааст.
Ба назар мерасад “облава” ҳам натавониста талаботи ин вазорат ба ҷавононро қонеъ созад.
Чуноне, ки дирӯз Паём навишта буд, дар деҳаҳои Ворух ва Чоркӯҳи ноҳияи Исфара, мақомот усули нави “ҷалб”-и ҷавонон ба сафи артишро роҳандозӣ кардаанд: волидони онҳоро асир мегиранд, то ҷавонон аз муҳоҷират баргашта, ба хидмати аскарӣ раванд.