Categories Хабарҳо

Таниши Теҳрон ва Вашингтон дар Ироқ: Эрон ҳафизи манофеъи Амрикоро эҳзор кард

Дар пайи афзоиши таниш миёни Теҳрон ва Вашингтон бар сари таҳаввулоти ахир дар Ироқ, Ҷумҳурии исломӣ кордори Суисро (Швейтсария) ба унвони ҳафизи манофеъи Амрико дар Эрон эҳзор кард. Намояндаи Ҷумҳурии исломӣ иттиҳомоти Амрико алайҳи Эронро “бемаврид” унвон кардааст. 

Дар идомаи ташдиди муноқиша миёни Теҳрон ва Вашингтон бар сари силсилаи ҳаводиси ахир дар Ироқ, Эрон дар “эътрози шадид ба Амрико”, кордори Суисро ба унвони ҳафизи манофеъи Иёлот муттаҳида дар Эрон эҳзор кард. 

Ба гузориши ИСНО, кордори Швейтсария ба унвони ҳафизи манофеъи Амрико дар Эрон дирӯз, чаҳоршанбеи аввали январ “дар хусуси мавозеъи мақомоти Амрико дар мавриди таҳаввулоти Ироқ” ба вазорати умури хориҷаи Эрон эҳзор шуда ва маротиб “эътрози шадид”-и Ҷумҳурии исломӣ нисбат ба “изҳороти ҷангталабонаи мақомоти амрикоӣ” ба ӯ иблоғ шудааст. 

Бар асоси ҳамин гузориш, Мӯҳсин Баҳорванд, дастёри вазири хориҷаи Эрон, дар нишасти эҳзори кордори Суис аз ҳафизи манофеъ Америка хостааст то “илова бар эъломи эътирози Эрон ба Амрико ин паёмро ба онҳо бирасонад, ки кишвари Ироқ як кишвари мустақил аст ва мардуми Ироқ низ мардуми озодихоҳ, истиқлолталаб ва шарофатманд ҳастанд.” 

Баҳорванд афзудааст: “Артиши Амрико бидуни ироаи кӯчактарин шавоҳиде дар мавриди муқассир будани онҳо, ҳадди ақал 25 нафар аз ҷавонони миллати Ироқро ба шаҳодат расонда ва теъдоди бешумореро маҷрӯҳ намудааст. Табиатан мардуми Ироқ ба кишваре, ки сарзамини онҳоро ишғол карда ва ҷавонони онҳоро мекушад вокуниш нишон медиҳад.” 

Ишораи ин мақоми вазорати хориҷаи Ҷумҳурии исломӣ ба ҳамлаи талофиҷуёнаи якшанбеи гузашта Амрико ба гардонҳои Катоъиби Ҳизбуллоҳ  дар Ироқ ва Сурия аст, ки дар ҷараёни он дасти кам 25 нафар кушта ва беш аз 55 нафар захмӣ шуданд. Катоъиби Ҳизбуллоҳ аз гурӯҳҳои шибҳинизомии шиъа дар Ироқ аст, ки аз соли 2003 мелодӣ ташкил шуда ва ба унвони яке аз гурӯҳҳои аслии Ҳашдуш-шаъбӣ (басиҷи мардуми Ироқ) аз сӯи Эрон таъмини молӣ мешавад. 

Ҳамалоти Амрико ба се пойгоҳи ин Созмони шибҳинизомӣ дар Ироқ ва ду мақари он дар Сурия вокунише буд ба ҳамла ба пойгоҳи муштараки Ироқ ва Амрико дар Киркук, ки дар ҷараёни он як паймонкори ғайринизомии амрикоӣ кушта ва чаҳор сарбози амрикоӣ ва ду маъмури амниятии ироқӣ захмӣ шуда буданд. 

Ҳамчунин дар пайи ҳамалоти Амрико ба пойгоҳҳои шибҳинизомиёни мавриди ҳимояти Эрон дар Ироқ, садҳо тан аз тарафдорони Ҳашд-уш-шаъбӣ рӯзи сешанбе ба сафорати Иёлоти муттаҳида дар Бағдод ҳамла карданд ва дирӯз низ ба сангпаронӣ ба сохтмони ин сафоратхона идома доданд. Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, Ҷумҳури исломиро масъули ин ҳамла муаррифӣ карда ва таҳдид ба иқдомоти талофиҷуёна кардааст. 

Дастёри вазири хориҷаи Ҷумҳури исломӣ бо ишора ба ҳамин ҳаводис гуфтааст: “Амрикоиҳо ҳатто ду нуқтаро ҳамзамон дар Сурия бомбаборон кардаанд, ки нишон медиҳад ба дунболи аҳдофи дигаре ҳастанд ва баҳонаҷӯӣ мекунанд. Мақомоти амрикоӣ беҳтар аст даст аз фарофиканӣ бардошта ва бе далел ба кишвари мо иттиҳом назананд.” 

Ба гузориши ИСНО, дар нишасти эҳзори ҳафизи манофеъи Амрико ба вазорати умури хориҷаи Ҷумҳури исломӣ “ба вай гӯшзад шуд, ки Эрон кишвари ҷангталаб нест вале дар муқобили ҳеҷ таҳдид ва ҳар иқдом нобихрадонае ҳам дастбаста нест ва бо тамоми қудрат аз худ дифоъ менамояд. Давлати Амрико ба ҷои иттиҳомзании бемаврид ба дигарон, бояд ёд бигирад чи гуна бо миллатҳои дигар ҳарф бизанад ва даст аз ишғолгарӣ бардорад.” 

Аз замони қатъи равобити дипломатики Эрон ва Амрико ба фосилаи кӯтоҳе пас аз инқилоби исломӣ, Суис ба унвони кишваре бетараф ҳафизи манофеъи Иёлоти муттаҳида дар Эрон шудааст. 

Пеш аз эҳзори кордори Суис дар Теҳрон, Маҷиди Тахтравончӣ, намояндаи Эрон дар Созмони милали муттаҳид низ иттиҳомҳои Амрико алайҳи Ҷумҳури исломиро “воҳӣ” хонда ва гуфта буд, ки ҳадаф аз ин иттиҳомҳо “инҳирофи афкори умумӣ аз хашми оҳоди миллати Ироқ аз куштори сабуонаи ахири ироқиҳо ва фаротар аз он ишғоли 17 солаи ин кишвар тавассути Амрико аст, ки мунҷар ба қатли беш аз сесад ҳазор нафар аз мардуми бегуноҳи ин кишвар шудааст.” 

Тахтравончӣ ҳамчунин нерӯҳои Ҳашдуш-шаъбӣ ва шохаҳои он аз ҷумла Катоъиби Ҳизбуллоҳро “гурӯҳи комилан ироқӣ” номидааст, ки ба гуфтаи ӯ “таҳти назорати давлати қонунӣ, машрӯъ, мунтахаб ва дорои ҳаққи ҳокимияти Ироқ ва қавонини он амал мекунад.” 

Ҳамзамон бо ин таҳаввулот, Созмони шибҳинизомии Ҳашдуш-шаъбӣ аз афроде, ки дирӯз чаҳоршанбе низ барои дувумин рӯз мутаволи ба сангпаронӣ ба сӯи сафорати Амрико дар Бағдод пардохтанд хост, то ба ин таҷаммӯъ поён дода ва таҳсини худро “дар макони дигаре” баргузор кунанд. 

Хабаргузории нимарасмии Форс мунтасаб ба Сипоҳи Посдорон низ ба нақл аз “як манбаъи огоҳи амниятӣ” аз ақибнишинии тадриҷии мӯътаризони муқобили сафорати Амрико дар Бағдод хабар дод ва аз қавли ӯ навишт: “Мӯътаризони ироқии ҳозири имуқобилии сафоратии Амрико дар минтақаи сабз, дар посух ба ин дархостии Ҳашд-уш-шааъбӣ, аз зӯҳри имрӯз ақибнишинии тадриҷӣ аз ин маҳаллро оғоз карданд.” 

Ин хабар дар ҳоле мунташир шуда, ки ҳамзамон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳури исломӣ, дар суханронии имрӯзи худ зимни радди иттиҳоми даст доштани ҳукумати Эрон дар ҳамлаи ахир ба сафорати Амрико дар Бағдод гуфт, ки “мо ҳаргиз кишварро ба самти ҷанг намебарем.” 

Гарчи Доналд Трамп пештар таҳдид карда буд, ки Ҷумҳури исломӣ баҳои сангине ба хотири даст доштан дар ҳамла ба сафорати Амрико дар Бағдод хоҳад пардохт, аммо дар ҷашни соли нави мелодӣ дар Флорида таъкид кард, ки ба думболи ҷанг нест ва бурузи ҷанг бо Эронро низ пешбинӣ намекунад.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *