Мақомоти зиндони шаҳри Ваҳдат Зубайдуллоҳи Розиқ, узви 80-солаи Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломиро бори дигар ба утоқи ҷаримавии зиндон маъруф ба ШИЗО андохтаанд. Сабаби ҷазо гирифтани раиси пешини Академияи исломии ҲНИТ-ро мақомот таълими ғайриқонунии динӣ дар маҳбас номидаанд.
Аммо писари ӯ Ҳисомиддини Зубайдуллоҳ, ки дар Аврупо паноҳанда аст, ба Паём гуфт, ки мақомот ҳамеша барои ҷазо додани падараш баҳона мекобанд ва ин дафъа сабаб ин шудааст, ки аз ҷои хобаш Қуръон ва китоби аҳодиси Паёмбарро (с) пайдо кардаанд.
Ба гуфтаи писараш Зубайдуллоҳи Розиқро дирӯз ба ШИЗО интиқол додаанд, аммо хонаводааш танҳо имрӯз дарак ёфтаанд. Дар ҳамин ҳол маълум нест пирамарди 80-сола чанд рӯз дар ктоқи ҷаримавӣ боқӣ мемонад.
Ҳисомиддин мегӯяд хонаводаашон кӯшидаанд инро муайян кунанд, аммо бинобар арафаи ид будан, ин кор ба онҳо даст надодааст.
Дар ҳамин ҳол Радиои Озодӣ бо истинод ба як масъули зиндони шаҳри Ваҳдат менависад Зубайдуллоҳи Розиқ ба ҷурми «вайрон кардани низоми маҳбас» 15 рӯз ба утоқи ҷаримавӣ бурда шудааст. Ӯ иддао кардааст, «бо вуҷуди даъватҳои батакрор, Зубайдуллоҳи Розиқ бо истифода аз китобҳои мазҳабӣ ба таълими динии ҷавон идома дод.»
«Ба домулло эҳтиром дорем. Гуфтем, марҳамат, намоз хонед, дуо кунед, лекин дар маҳбас таълими динӣ ғайриқонунӣ аст. Боз мешунавем, ки кори худро идома додааст. Дафъаи гузашта ҳам гуфта будем, риоя нашуд,» – шарҳ додааст намояндаи зиндони Ваҳдат.
Зубайдуллоҳи Розиқро моҳи июли имсол ва ба гуноҳи вайрон кардани низоми маҳбас ба ҳуҷраи ҷаримавӣ бурда буданд. Танҳо пас аз як ҳафта ва бо назардошти вазъи бади саломатӣ ва мусоидати идораи Омбудсмен ба утоқи муқаррарӣ баргардонданд.
Зубайдуллоҳи Розиқ соли 2015 боздошт ва бо иттиҳомоти сохта ба 25 сол зиндон маҳкум шуд.