Рубрики Хабарҳо

ҲАСАНИ БАСРӢ

Дар соли бисту яки ҳиҷрӣ ду сол қабл аз интиҳои хилофати амиралмуъминин Умар ибни Хаттоб (Худованд аз ӯ розӣ бошад) дар хонадоне  Хайра ном модари мӯъмина писаре таваллуд намуда, ӯро Ҳасан ном гузошт. Тифли навзод бо сурати зебо ва хилқати томи худ ҳар бинандаро хушҳол менамуд. Ӯро назди амиралмуъминин Умар (р) ва асҳоби Паёмбар (с) бурд. Асҳоби киром барои ӯ дуои нек карданд, инчунин Умар (р) ба ӯ дуо дода, гуфт: «Эй бор Худоё, ӯро дар дин фақеҳ ва назди мардум маҳбуб бигардон».

Ҳасан ибни Ясир, ки баъдан ба Ҳасани Басрӣ шинохта шуд, дар яке аз хонаҳои Паёмбар (с) нашъунамо ёфта, дар домони умми Салама ба воя расид. Дар бисёр ҳолатҳо модари Ҳасан, Хайра барои адои ҳоҷатҳои Ҳасан аз хонаи умми Салама берун мешуд ва тифли ширхора аз шиддати гуруснагӣ мегирист ва садояш баланд мегардид. Ин ҳангом умми Салама ӯро ба оғӯши худ гирифта, пистон ба даҳонаш мегузошт, ки то бозгашти модараш сабр кунад. Аз дӯстдории зиёд дар баробари Ҳасан пистонаш  шир пайдо мекард ва Ҳасан онро нӯшида ором мегирифт.

Ақидае ҳаст, ки ҳикмати Ҳасани Басрӣ аз баракати шири додаи умми Салама, ҳамсари Паёмбар (с) аст. Иртиботи устувор миёни модарони муъминон ва наздик будани хонаҳояшон барои Ҳасани хурдсол фурсате фароҳам оварда буд, ки ба ҳар яке аз ин хонаҳо мерафт ва аз ахлоқи хубашон таъсир мегирифту бар ҳидояташон пайравӣ мекард.

Ҳамин тавр, Ҳасан дар ин фазои пуртароват гаштугузор мекард ва аз манбаи ғании ахлоқие, ки хонадони модарони муъминонро фаро гирифта буд, истифода мебурд ва дар масҷиди Набавӣ назди бузургони саҳоба шогирд буд. Дар ин марҳила Ҳасан ҳиссаи бузурге аз суннати набавиро аз худ намуд ва  қабл аз расидан ба синни чаҳордаҳсолагӣ Қуръонро ҳифз намуд, ҳисобу навиштанро ёд гирифт.

Худованд дар Ҳасани Басрӣ (раҳ) бартариҳову истеъдоди бахшоишеро ҷамъ намуда буд, ки тавассути он тавонист дар дили мардум таъсир расонад ва қиммати дин ва аҳли онро дар ҷомеъа боло барад. Ӯ илми фаровоне дошт ва дар тафсири китоби Худованд ва ҳадиси Расулуллоҳ хеле моҳир буд. Инчунин иттилои зиёд ва мулоҳизаҳои дақиқ оид ба зиндагӣ, табақаҳои мухталифи мардум, ахлоқи эшон, касби эшон иллатҳову давои он дошт, мисли табибе, ки муддатҳост бо мулоҳиза сару кор дорад.

Илова бар ин ӯ каломи ширину фасеҳ дошт, ки таъсираш ба шунавандагон мерасид. Аюбии Сахтиёнӣ ба Суфиён ибни Уяйна мегӯяд: агар Ҳасанро бубинед, чунин мепиндоред, ки ҳаргиз бо фақеҳе то ин дам нанишастаед. Ҳасани Басрӣ (раҳ) ҳамеша аз ҳақ дифоъ мекард ва шуҷоъ буд. Илова бар ин ӯ соҳиби отифаи қавӣ ва рӯҳи болида буд. Ӯ аз зумраи мухлисони бузург буд ва миёни балоғати лисон ва қуввати имон ҷамъ мекард. Ӯ ба он чӣ мегуфт имон дошт ва ба он чӣ мегуфт аз қалбаш мебаромад ва дар қалби шунаванда  ҷой мегирифт. Лаҳзаҳое, ки аз асҳоби Паёмбар (с) ва ё аз охират сухан мегуфт, шунаванда ашк мерехт ва қалбаш ба ҳаракат меомад, зеро ӯ имонро мечашид ва аз отифаи виҷдон сухан мегуфт. Аз бузургтарин имтиёзе , ки Ҳасан дошт ин буд, ки сухани ӯ шабеҳи сухани паёмбарон буд. Имом Абуҳомиди Ғазолӣ мегӯяд: Ҳасани Басрӣ аз ҳама мардум дида суханонаш ба суханони анбиё монанд буд ва раҳнамоиҳояш ба раҳанамоиҳои асҳоби Паёмбар (с) наздик буд.

Чун Ҳасан ба сини чаҳордаҳ расид ҳамроҳи волидайнаш ба шаҳри Басра омад ва он ҷо қарор  ёфтанд. Ҳамин аст, ки ӯро ба ин шаҳр нисбат медиҳанд ва миёни мардум бо Ҳасани Басрӣ маъруф аст. Шаҳри Басра дар он рӯзҳо аз бузургтарин маркази илмӣ маҳсуб меёфт ва масҷиди бузурги он пур аз бузургони саҳоба ва тобеъин буд, ки ба он ҷо сафар мекарданд. Ҳалқаҳои илмӣ дар соҳаҳои мухталифи илм ҳамаи аркон ва ҷонибҳои масҷидро пур мекард.

Ҳасан худро побанди масҷид намуда, ҳалқаи тарҷумони Қуръон ва ҳибри уммат Абдуллоҳ ибни Аббос (р)-ро ихтиёр намуд ва назди ӯ тафсиру ҳадис ва қироъатро омӯхт, чуноне, ки аз ӯ ва дигар уламои илми фиқҳу луғат, одоб ва дигар улумро омӯхт, ба андозае, ки олими ҷомеъ ва фақиҳи боэътимод шуд. Мардум рӯ ба Ҳасани Басрӣ оварда, аз илми фаровони ӯ истифода мебурданд ва ба мавъизаҳои ӯ, ки оҳанро мум мекард, гӯш медоданд. Ҳалқаи ӯ монанди гуле буд, ки занбурҳои асалро ба худ ҷалб мекард. Аз он ҳикмат меомӯхтанд ва ба сирати поки ӯ пайравӣ менамуданд. Ҳасани Басрӣ нишонаи қудрати Илоҳӣ дар иттилои маълумот ва фаровонии илм буд. Рабиъ ибни Анас дар бораи ӯ мегуяд: «муддати даҳ сол бо Ҳасан рафтуомад кардам ва ҳар рӯз аз вай чизи наве мешунидам».

Анас ибни Молик (р) мегӯяд: «Аз Ҳасан бипурсед, ки ба таҳқиқ ӯ ҳифз намуду мо фаромӯш кардем»

Собит ибни Қурраи ҳокими Ҳарронӣ ӯро васф намуда гуфтааст: «ӯ аз ахтарони дурахшанда дар илму тақво, зуҳду порсоӣ, иффату нармӣ, фиқҳу маърифат буд. Маҷлиси ӯ шомили мардуми мухталиф буд; касе аз ӯ ҳадис меомӯхт, дигаре тафсир, саввумӣ ҳалолу ҳаромро аз вай мешуниду чаҳорумӣ ҳукму қазоро меомӯхт. Ӯ дар ҳамаи ин соҳаҳо мисли баҳри беканор буд. Ҳасани Басрӣ (раҳ) мардумро ба зуҳду тақво ва порсоӣ мехонд.

Ҳасани Басрӣ мегуфт : “Инсон доимо миёни ду тарс аст ва субҳу шом маҳзун аст. Яке бими гуноҳони гузаштааш, ки намедонад Худованд бо он чӣ хоҳад кард  ва дигаре аз аҷале, ки меояд ва намедонад, ки ба чи мусибатҳо рӯбарӯ мешавад. Ҳасани Басрӣ мардумро мефаҳмонид, ки тамаъ накунанд, пушти дари сарватмандон сар хам накунанд. Ӯ мегуфт: “Ба айшу ишрату ҷойхоби нармашон мангаред, бар оқибати бадашон нигаред. Маҷлисҳо меорост ва улуми охиратро меомӯзонид. Рӯзе баъд аз намози пешин буд, дарвозаи Ҳасанро талбандае кӯфт. Ходимзан шитобон дарвозаро кушод, Ҳасан пурсид: Кӯбандаи дар кист? Ҷория гуфт: Соил (талбанда) аст, Имом Ҳасан: Он чӣ аз хурок дорем, барояш бидеҳ.

Дар хона даҳ дона тухм буд ходимазан нӯҳтои онро ба талбанда дод, як донаашро барои бими гуруснагӣ боқӣ гузошт. Чун талбанда рафт дарвоза бори дигар куфта шуд. Ҳасан гуфт: Кист дарро мекӯбад? Ходимазан ба овози канда гуфт: Меҳмон аст, Имом Ҳасан гуфт: Ӯро дохил намо ва бубин барои мо чӣ овардааст. Ходимазан гуфт: навад дона тухм овардааст.

Ҳасан сарашро ҷунбонида бо илми орифин гуфт: Даҳ донаашро шумо манъ намудед. Оё намедонед, ки Худованд гуфтааст:

“Ва ӯст, ки шуморо шабҳангом мемиронад ва ҳар чӣ дар рӯз кардаед, медонад, он гоҳ бомдодон шуморо зинда месозад, то он ҳангом, ки муддати муайяни умратон ба поён расад. Сипас бозгаштатон ба назди ӯст ва шуморо аз он чӣ кардаед, огоҳ мекунад. (Сураи Аъном, ояти 60)

Нолаи танаи дарахти хурмо

Ҳасани Басрӣ (раҳ) рӯзе ба асҳоби худ ҳадис мегуфт ва ба эшон фармуд: Паёмбар рӯзҳои ҷумъа ба мардум хутба мехонд ва ҳангоми хутба ба чубе пушти худро такя медод, чун мардум бисёр шуданд, гуфт: барои ман минбаре созед, ки ду зина дошта бошад. Ва чун минбар сохта шуд, Паёмбар (с) болои он хутба мегуфт он чубе, ки такя ба он мекард сӯи Паёмбар (с) нола кард.

Мардум онро шуниданд ва то ҳине, ки расули Худо (с) поён шуданд ва онро ба оғӯш гирифтанд, хомӯш нашуд. Чун Ҳасан аз ин ҳадис фориғ шуд,ихеле гиря кард ва баъд аз он гуфт: Эй бандагони Худо! Чубе барои Расули Худо (с) ва шавқи ӯ (с) нола мекунад, пас шумо мустаҳиқтар ба муштоқ шудан ба дидани ӯ (с) ҳастед.

***

Аз худат шурӯъ кун

Рӯзи ҷумъа, пеш аз боло шудан болои минбар марде назди Ҳасан омада, оҳиста ба гӯшаш гуфт, ки барои мардум дар бораи  фазилати озод намудани ғуломон сухан бигӯ ва эшонро бо ин амали хайр ташвиқ намо. Баъд аз он ӯ ба дохили намозгузорон рафта, ба хутба гӯш дод, лекин Ҳасан (раҳ) дар он мавзуъ ҳеҷ сухан нагуфт.

Дар ҷумъаи оянда он мард ба хутба гӯш дод, лекин Ҳасан (раҳ) аз сухан гуфтан дар фазилати озод намудани бардагон боз худдорӣ намуд.

Ҷумъаҳо пайи ҳам мегузаштанд… Ва дар ҷумъаи чаҳорум Ҳасан (раҳ) дар фазилати озод намудани бардагон сухан гуфта, мардумро ба он ташвиқ намуд. Он мард аз ин рафтори Ҳасан (раҳ) дар тааҷҷуб монд. Ҳасан (раҳ) бо як фурутанӣ гуфт: Эй бародар… нахостам ба мардум дар ин мавзуъ сухан гӯям, то ин ки маблағе ба дастам омад ва ба бозор рафта, барда харида озод намудам! Оё мехоҳӣ, ки аз зумраи касоне бошам, ки Худованд дар шаъни онҳо гуфтааст.

“ Оё дар ҳоле ки китобро мехонед, мардумро ба некӣ фармон медиҳед ва худро фаромӯш мекунед? Оё ба ақл дарнамеёбед?”

(Сураи Бақара, ояти 44)

Ҷазои ғайбат

Ҳасани Басрӣ (раҳ) ғайбатро мазаммат мекард ва мегуфт: Таъсири ғайбат дар дини инсон сареътар аз ҳаракати хӯрдани кирмҳо дар қабр ҷасади ӯрост. Рӯзе ба ӯ гуфтанд: фалонӣ ғайбати шуморо кардааст! Ҳасан (раҳ) табақи ҳалвое ба ӯ фиристода, гуфтааст. Шунидам, ки некиҳои худро ба ман ҳадя намудаӣ, пас шуморо мукофот додам.

Чӣ гуна як қавм гумроҳ мешавад дар ҳоле, ки Ҳасан (раҳ) миёни онҳост

Вафоти Ҳасани Басрӣ (раҳ)

Ҳасани Басрӣ (раҳ) қариб ҳаштоду ҳашт сол зиндагӣ намуда, дар ин муддат дунёро аз илму ҳикмат ва фиқҳ пур намуд..

Дар шаби ҷумъа, аввали моҳи раҷаби соли як саду даҳ Ҳасани Басрӣ (раҳ) нидои Парвардигорашро лаббайк гуфт. Чун субҳ шуду мардум огоҳ гардид таконе дар Басра рух дод. Марде назди Муҳаммад ибни Сирин дохил шуда, гуфт: Ҳасани Басрӣ (раҳ) вафот намуд. Муҳаммад ибни Сирин бар ӯ раҳмат фиристоду рангаш дигаргун шуд ва аз сухан гуфтан бозмонд ва то ғуруби офтоб сухан нагуфт. Мардум ин ҳолати ӯро дида, аз дохил шудан ба наздаш худдорӣ варзиданд. Ҳасани Басрӣ (раҳ)-ро шуста кафан намуданд ва дар масҷиди ҷомеъ, ки аксари ҳаёташро чун олиму муаллим дар он гузаронида буд, намози ҷаноза хонанд. Мардум аз паи ҷанозаи ӯ рафтанд. Дар он рӯз намози аср дар ҷомеъи Басра барпо нашуд, зеро касе онҷо боқӣ набуд.

Ва мардум бори аввал дар таърихи бинои масҷиди ҷомеъи Басра шоҳиди он гаштанд, ки намози аср тарк шуд!!

Порае аз мавъизаҳо ва суханони ӯ

Ҳасан (раҳ) мегуфт: Шахсе, ки чаҳор хислат дар ӯ бошад Худованд оташи дӯзахро бар ӯ ҳаром мегардонаду, ӯро аз шарри шайтон нигоҳ медорад: Шахсе, ки нафсашро ҳангоми рағбату роҳбат ва ҳини шаҳвату ҳини ғазаб моликӣ, яъне соҳибӣ мекунаду нигоҳ медорад.

Сифатҳои муъмин

Бандаи муъмин нармдилу покизаву парҳезкор аст, ҳушёру зирак ва розӣ аст. Иштибоҳу хатояш такрор намешавад, дар дини худ оқилу доност, тамаъкор нест. Бандаи муъмин бовиқор асту ҳамсояашро икром ва Худоро итоъат мекунад, аз азоби дӯзах мепарҳезад, нафси ӯ шоҳиди маърифати Илоҳист ва корҳои некро анҷом медиҳад, ӯ нафси худро ҳамеша муроғибат мекунад ва мардум аз ӯ дар роҳат ҳастанд. Бандаи муъмин дар ваъдаҳои худ содиқ аст, зуд розӣ мешаваду аз ғазаб дур аст, суханфаҳму нуктасанҷ аст. Шахсе бо ӯ дар амон асту ғанимат мебарад. Ақли ӯ комил асту амалаш бисёр. Ахлоқи нек дораду ғазабашро пинҳон мекунад.

“Ба таҳқиқ муъмин нисбати Парвардигораш гумони нек дорад ва амалаш низ нек аст. Ва ба таҳқиқ мунофиқ нисбати Парвардигораш гумони бад дорад, пас амалаш низ бад аст”.

Аломатҳои аҳли тақво

Ҳасани Басрӣ (раҳ) мегӯяд: “Эй Ибни Одам! Ба амали худ аҳамият деҳ, зеро он гушта хуни туст, пас бингар, ки бо кадом ҳол амали худро дидан мехоҳӣ. Аҳли тақво аломатҳое доранд, ки бо онҳо шинохта мешаванд:

Ростқавлӣ, вафо ба аҳд, силаи раҳм, раҳм намудан ба заъифон, кам фахр кардан, некӣ кардан, ҳусни ахлоқ.

Эй фарзанди Одам!, Шумо амали худро мебинед, ки хайру шарри он вазн мешавад, пас заррае аз амали хайрро паст машуморед, зеро чун онро мебинед, рўзи ҷазо хушнуд хоҳед шуд. Аз амали бад низ зарраеро паст машуморед, зеро чун онро рўзи ҷазо бинед, нохушнуд хоҳед шуд.

Эй фарзанди Одам! Дунёятро ба ивази охират бифурўш ҳардуи онро ба даст хоҳад овард. Ва ҳаргиз охиратро ба ивази дунёят мафурўш, ки ҳардуи онҳоро аз даст хоҳи дод”.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *